ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Ба "Гурӯҳи 24" ишора карда, Худойбердӣ Холиқназар, директори МТС гуфт, онҳо бозичаи дасти абадрқудратҳое ҳастанд, ки мехоҳанд амнияти минтақаро ба ҳам бизананд, иттилоъ медиҳад радиои Озодӣ.
Раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон аз кишвар ва ё қудрати алоҳидае, ки пуштибони Умаралӣ Қувватов (роҳбари Гурӯҳи 24) ҳастанд ном набурд, аммо ишора кард, ки он дар хориҷи кишвар ҳаст.
Номи Умаралӣ Қувватов бори дигар дар тирамоҳи соли 2014, дар пайи даъватҳо ба як гирдиҳамоии эътирозӣ дар маркази Душанбе дар таърихи 10 октябр вирди забонҳо шуд. Ин даъват мақомотро водор кард, ки чораҳои амниятиро дар атрофи пойтахт бо сафарбар кардани ҳатто мошинҳои зиреҳпӯш тақвият бахшанд
Раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки дар Осиёи Миёна ҳамакнун рақобат барои нуфуз миёни қудратҳо афзоиш ёфтааст.
"Дар Осиёи Миёна рақобат миёни қудратҳо идома дорад. Агар ин мубориза ором идома кунад, ҳеч хатаре дар пай нахоҳад дошт. Аммо мушкили асосӣ ин аст, ки мабодо ин рақобатҳо ба марҳилаи ниҳоӣ бирасанд, дар он сурат ба субот дар Осиёи Миёна латма хоҳад зад",- гуфт оқои Холиқназар.
Раиси МТС афзуд, онҳо лоиҳаи Консепсияи мубориза бо ифротгароӣ ва тундгароиро, омода доранд, ки қарор аст пас аз шаш моҳи дигар қабул карда шавад.
Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 9 октябр "Гурӯҳи 24"-ро созмони экстремистӣ эълон кард ва фаъолияти ин созмонро дар кишвар мамнӯъ кард.