Дар ҷангҳои Сурия 3 “ҷиҳодӣ”-и тоҷик аз Бохтар ҳалок шуданд

© AP Photo, FileЛивои ДИИШ. Акс аз бойгонӣ
Ливои ДИИШ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷаббори Ғаффор, раиси ноҳияи Бохтар 25 феврал дар сӯҳбат бо радио гуфтааст, ҳоло панҷ сокини дигари ноҳия дар ҷабҳаҳои ҷанг дар Сурияву Ироқ ҳастанд.

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Масъулони ҳукумати Бохтари вилояти Хатлон аз ҳалокати се "ҷиҳодӣ" аз ин ноҳия дар ҷангҳои Сурия хабар додаанд, менависад "Радиои Озодӣ".

Ҷонибдорони ДИИШ зимни эътироз. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВАО: Воизи асосии ҷангиёни тоҷик дар Сурия кушта шудааст

Ҷаббори Ғаффор, раиси ноҳияи Бохтар 25 феврал дар сӯҳбат бо радио гуфтааст, ҳоло панҷ сокини дигари ноҳия дар ҷабҳаҳои ҷанг дар Сурияву Ироқ ҳастанд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомоти ноҳияи Бохтар гуфта буданд, аз ин ноҳия танҳо 3 ҷавон барои "ҷиҳод" ба Сурия рафтаанду бас. Ҷаббори Ғаффор афзуд, ҳукумати ноҳияи Бохтар мехоҳад, то сокинонашро аз Сурия ба ватан баргардонад, аммо ба қавли ӯ, ҳоло имкон надорад.

Ҳафтаи гузашта раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Хатлон эълон кард, ки дар ҳоли ҳозир дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ва Афғонистон 45 сокини ин минтақа иштирок доранд. Шаҳзод Раҳимов, як масъули раёсат, гуфт, ҳоло алайҳи ин афрод парванда боз шудааст.

Аз ин пештар, додситонии Хатлон гуфта буд, теъдоди ҷавононе, ки дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ва Афғонистон аз ин минтақа иштирок доранд, ба 31 нафар мерасад.

Мақомоти қудратии ҷумҳурӣ мегӯянд, дар маҷмуъ аз Тоҷикистон дар ҷангҳои хориҷ ҳудуди 200 нафар ширкат доранд. Чанд рӯз муқадаам хабари кушта шудани як ҷангии тоҷик дар сафи "Давлати исломӣ" бо номи Абу Муҳаммад ат-Тоҷикия нашр шуд, ки ба унвони воъизи тоҷикони ҷанговар шинохта буд.

Лентаи хабарҳо
0