Мизони фурӯши чакана дар Тоҷикистон 10% афзоиш ёфт

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкБозори Шоҳмансур. Акс аз бойгонӣ
Бозори Шоҳмансур. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон алорағми болоравии қимматҳо ниёзи аҳолӣ ба анвои мухталифи ғизо ва колоҳо, бавижа ба ғизо, маводи сохтмонӣ ва маводи сӯхтӣ афзоиш ёфтааст.

ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Фурӯши чаканаи бозорҳо ва ширкатҳои тиҷоратӣ дар моҳи январи соли 2015 ба 1 миллиарду 115,7 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 10% бештар аст, хабар медиҳад Оҷонсии омори Тоҷикистон.

Аз мизони умумии фурӯши чакана дар бозорҳои ғизоӣ, маҳсулот ва бозорҳои омехтаи кишвар ба маблағи 605,6 миллион сомонӣ колоҳо ба фурӯш рафатааст, ки муодили 52,6% ҳаҷми умумии фурӯши чаканаро ташкил медиҳад.

Хабар дода мешавад, ки дар ҳаҷми умумӣ мизони колоҳои ғизоӣ 48,1% ё 554 миллион сомонӣ аст, маҳсулоти ғайриғизоӣ — 51,9% ё 597, 7 миллион сомонӣ ва ба ин тартиб маводди ғизоӣ ба маблағи 43,7 миллион сомонӣ камтар ба фурӯш рафтааст.

Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон 12% коҳиш ёфт

Дар миёни феҳрасти ғизои ба фурӯшрафта бештар гӯшт ва ҳасибҳо (22,1%), нон ва орд (10,1%), шакар ва маҳсулоти қаннодӣ (6,9%), равған (3,4%), сабзавот (3,1%) мебошанд.

Ниёзи аҳолӣ ба анвои аслии маҳсулоти ғизоӣ алорағми афзоиши қиммати онҳо бештар шудааст. Ба унвони мисол, тибқи омори расмӣ дар моҳи январи соли 2015 дар муқоъиса бо ҳамин давраи соли гузашта гӯшти гов 13% қиммат шудааст, себи заминӣ ба 27,1%, орд ба 19,3%, нон аз орди дараҷаи аввал ба 13%, пиёз 2,2 маротиба қиммат шудааст. Ҳамзамон нархи карам ба 38,8%, сабзӣ ба 16,1%, нахӯд ба 14,1% ва тухм ба 2,0% арзон шудааст.

Аз маҳсулоти ғайриғизоӣ бештар маводи сохтмонӣ (19,9%), маводи сӯхтӣ (19,4%), матоъ (12,3%), пойафзол (6,0%), мошинҳо ва қисмҳои эҳтиётии онҳо (5,9%), доруворӣ (3,8%), маводи барқӣ (3,6%) ба фурӯш рафтаанд.

Мизони фурӯши чакана дар моҳи январи соли 2015 барои ҳар як сокини ҷумҳурӣ муодили 142,6 сомонӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0