ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Шўрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, бо пахши як муроҷиатнома аз сӯиистифодаи Ислом дар маъракаи пешазинтихоботӣ изҳори нигаронӣ карда, мегӯяд, афроде, ки аз номи дин тафриқа меандозанд, «мушрикону мунофиқон»-анд, омадааст дар сомонаи ин ниҳод.
Дар муроҷиатнома, ки 20-уми феврал нашр гардид, таъкид шудааст, "мо дар арафаи интихобот қарор дорем ва дар ин маъракаи сиёсӣ сўиистифода аз номи ислом бо ҳар навъ назару ақидаҳои ботили авомфиребона аз рўи хираду тафаккури солим нест".
"Интихобот аз рўи фаҳму идроки ҳар як аъзои бошуури ҷомеа ва тибқи қонунҳо сурат мегирад. Ба ҳеч ваҷҳ бояд ҳизбҳо ва номзадҳо аз боварии мардум ба дини мубини Ислом сўистифода накунанд. Чунин шеваи кору роҳнамоӣ на ба муқаррароти Ислом, на ба ягон қонуни демократия, озодии баёну афкор ва изҳори иродаи сиёсӣ мувофиқат намекунад", — навиштааст Шӯрои уламо.
Ин ниҳод таъкид мекунад, ки "бисёранд аҳзобу ашхосе, ки бидуни ягон ғараз, бидуни рўи саҳна кашидани ислому истифодаи он ҳамарўза дар зикри Худоянд, барои рушду густариши Ислом ва ҷомеаи мусулмонӣ пайи хидмат қарор доранд".
"Танҳо қарзи имонӣ ва инсонии хеш медонем, дар ин даврае, ки вақти интихоб пеш омадааст, ҳамватанони азизамонро ба ташхиси ҳушмандонаи роҳи ояндаамон, фардои сарзаминамон даъват кунем. Пас мебояд, ки ҳар як мусулмон вақти интихоб илму дониш, ақлу заковатро рўи кор гирифта, барои фардои ободу осудаи Ватанамон ва сулҳу суботи он масъулиятро дар ҷои аввал қарор бидиҳад", — гуфтаанд аъзои Шӯрои уламо.
Дар ин муроҷиатнома аз ҷумла омадааст, ки "ҳамагон бояд бидонанд, ки ислом ба ҳеҷ гуна ҳизб ниёз надорад. Ислом дар табиати худ фарогирандаи тамоми мусулмонон аст".
Раёсати Шӯрои уламо инчунин аз дасисаи доираҳои харобкору манфиатҷў дар иддае аз кишварҳои мусулмонӣ зикр кардааст, ки ҳамаи ин ваҳшоният бо номи ислом ва бо зикри исми мубораки Худои таборак ва таъоло сурат мегирад.
"Ҷаҳони ислом асосан ба он ҷиҳат гирифтори инчунин фоҷеа гардидааст, ки ба арзишҳою муқаддасоти асили исломиамон хурофот, зоҳирбинию зоҳирписандӣ дар Ислом таҳдид дорад. Ин чизи нав нест. Кўшишҳои бо шиорҳои авомфиребонаи ба ном исломӣ қонеъ сохтани ғаризаҳои нопоки гурўҳию шахсӣ ва ба манфиатҳои хеш истифода кардани ислом дар таърихи башарият бисёр буданд. Талошҳои мазкур имрўз густаришу тақвияти бештар ёфтанд, ки заминаҳояш фақру нодорӣ, бесаводию тангназарӣ ва бехабарии иддае мусулмонон аз дини муқаддаси Ислом мебошанд", — зикр шудааст дар муроҷиатнома.
Шӯрои уламо афзудааст, ки каломи Худовандӣ кирдорҳои мазкурро маҳкум намуда, касонеро, ки миёни мусулмонон тафриқа эҷод мекунанд ва бо номи ислом аъмоли зиддиисломӣ содир менамоянд, «мушрикону мунофиқон» унвон гузоштааст ва мусулмононро даъват кардааст, то аз пайравӣ ба онҳо худдорӣ намоянд.
"Бузургони гузаштаамон ҳам ба суханони «Каъба чӣ меравӣ? Дилеро дарёб» ва садҳо ҳикматҳои ҷовидонаи дигар ҷомеаи мусулмониро даъват ба исломи асил намуда, онҳоро аз нораво будани пайравии кўркўрона, авомфиребӣ ва зоҳирписандӣ дар Ислом огоҳ сохтаанд", хулоса кардааст Шӯрои уламои Маркази исломӣ.