Маркази исломӣ: ДИ худ муҳимтарин аҳкоми шариатро риоя намекунад

© wikimedia.orgҶангиён дар Ироқ. Акс аз бойгонӣ
Ҷангиён дар Ироқ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масъулини маркази исломии Тоҷикистон аз изҳороти як ҷангии Давлати исломӣ бо номи мустаори Абӯ Умариён, ки аз пешвояшон хостори додани иҷоза барои “ҷиҳод” дар кишвари худро дошт, нигаронӣ карда, онро шадидан маҳкум намуданд.

ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Маркази исломии алайҳи изҳороти ҷангии Давлати исломиро шадидан маҳкум мекунад, иттилоъ медиҳад сомонаи ин ниҳод.

Чанде пеш аз тариқи сомонаҳои хабарӣ мавзӯи "Дархости иҷозат барои "ҷиҳод" дар Тоҷикистон" интишор шуд, ки он мавриди вокуниши доираи васеи аҳолии мамлакат қарор гирифт. Ҷои таассуф ин аст, ки ин "дархост" аз ҷониби шаҳрванди Тоҷикистон, ки худро Абӯ Умариён хондааст, пешниҳод мегардад.

"Дар кишваре, ки зиёда аз 99%-и онро мусулмонон ташкил медиҳанд, чӣ гуна "муҷоҳид"-е  (ва он ҳам ҳамватани мо) метавонад "ҷиҳод" бикунад? "Ҷиҳод" бо кӣ мекунанд?. Ин ҳақро ба онҳо кӣ додааст, ки нисбат ба як кишвари дорои беш аз ҳашт миллион мусулмон ҳукм намоянд?!. Агар онҳо аз асли дин огоҳ мебуданд, ҳаргиз ин суханро намегуфтанд!",- омадааст дар баёнияи Маркази исломӣ.

Ба қавли масъулини МИ, ин террористон муъминро аз ғайри муъмин фарқ намекунанд. Зеро мутобиқи таълимоти дини мубини ислом ва аз ҷумла мазҳаби ҳанафӣ нишонаи муъмин он аст, ки бо забон калимаи шаҳодат ронад ва бо қалб онро тасдиқ намояд.  Яъне, "ҷиҳод"-и эшон дар Тоҷикистон фикри ҷоҳилона ва бемаъност. Пас, ин ифротиёни хоин бояд дар тафаккур ва андешаи худ ҷиҳод бикунанд.

"Бо дарназардошти ҳамаи ин хатарҳо ва падидаҳои номатлуб, падару модарон ва дар маҷмӯъ ҷомеаро мебояд, дар ин самт бетараф набошанд ва ҷиҳати тарбияи дурусти насли наврас ва ҷавонон иқдом кунанд. Зеро ба қавли президент ояндаи давлату миллат маҳз дар дасти ҷавонони мост",- меафзояд манбаъ.

Одам бо ниқоб - Sputnik Тоҷикистон
Аҳмади Иброҳим: ҷангии “Давлати исломӣ” ба ман таҳдид кард
 

Исломшиноси тоҷик сураеро аз "Қуръон" мисол оварда, дар хитоб ба даъватгарони "ҷиҳод" мегӯянд, агар онҳо аз асли дин огоҳ мебуданд, ҳаргиз ин суханро намегуфтанд. Зеро Худои бузург дар Қуръони азимушшаън мефармояд: "Ва ҳар ки мӯъминеро ба қасд бикушад, пас, ҷазои ӯ дӯзах аст, дар он ҷовид бошад; ва Худо бар ӯ хашм гирифтааст ва ӯро лаънат кардааст ва азоби бузург барои ӯ омода сохтааст".

Созмони тундгарои “Давлати исломӣ”

"Давлати исломӣ" як гурӯҳи тундравест, ки дар як соли пеш аз баданаи шӯъбаи ироқии шабакаи Ал-Қоида ҷудо шуда, дар як муддати кӯтоҳ қаламравҳои бузурге дар Ироқу Сурияро ишғол кард. Ин гурӯҳ дар сарзаминҳои таҳти назораташ "хилофати исломӣ" таъсис дод ва  Абӯбакри Бағдодиро, ки бино ба гузоришҳо, як афсари собиқи артиши президенти пешини Ироқ Саддом Ҳусейн будааст, "халифа" эълон кард. Ин созмон мехоҳад хилофати воҳиди исломиеро, ки дар асрҳои аввали зуҳури Ислом вуҷуд дошт ва тамоми сарзаминҳои мусалмониро муттаҳид мекард, барқарор ва дар қаламрави он меъёрҳои шариатро ҷорӣ кунад. Дар харитаҳои "Давлати исломӣ" аз ҷумла тамоми Осиёи Марказӣ ҳамроҳ бо шарқи Эрон ва Афғонистону Покистону Ҳинд дар як "устон"-и воҳид бо номи "Хуросон" мунъакис шудаанд.

Тайи ду соли ахир аз ҳузури садҳо ҷавони тоҷик дар ҷангҳои Ироқу Сурия гузориш мешавад. Ба гуфтаи мақомот, ҳоло то 300 ҷавони тоҷик дар Ироқу Сурия меҷанганд, аммо худи ин ҷангиӣн дар шабакаҳои иҷтимоии теъдоди тоҷикон дар ҷангҳои Ироқу Сурияро бамаротиб бештар мегӯянд.  

Лентаи хабарҳо
0