Вокуниши вазорати хориҷаи Русия ба қазияи Асоев

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкЗавлона. Акс аз бойгонӣ
Завлона. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба таъйиди вакилони дифои Асоев, ғайришаффофии парвандаи ҷиноятии зидди ин шаҳрванди Тоҷикистон боиси нигаронии зиёд гардидааст.

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Русия ба дархости Сафорати Тоҷикистон дар мавриди расидагӣ ба қазияи муҳоҷири тоҷик Аслиддин Асоев, ки беш аз 11 моҳ дар СИЗО қарор дорад вокуниши ҷиддӣ ва оҷилона нишон дод, менависад "Радиои Озодӣ".

Оташак - Sputnik Тоҷикистон
ВАО: қасди худсӯзии Гулрухсор барои раҳойии шавҳараш

Ба таъйиди вакилони дифои Асоев, ғайришаффофии парвандаи ҷиноятии зидди ин шаҳрванди Тоҷикистон боиси нигаронии зиёд гардидааст.

Дар ин бора Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба "Озодӣ" хабар додааст.

Баъд аз дарёфти дархости Сафорати Тоҷикистон ин масъала дар Додситонии кулли Русия матраҳ шудааст ва интизор меравад, ки 4 март дар додгоҳи ноҳиявии Никулинскии шаҳри Маскав парвандаи Аслиддин Асоев ба баррасӣ гирифта шавад.

"Мо бовар дорем, ки вакили мудофеи А. Асоев дар рафти муорифаи додгоҳӣ ҳамаи санаду асосҳои дар даст доштаашро ироа хоҳад кард, ки дар натиҷаи он қарори одилона ва асоснок қабул хоҳад шуд", — омадааст дар вокуниши вазорати хориҷии Русия.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳудуди 10 рӯз муқаддам бо номае ба додгоҳ ва вазорати хориҷаи Русия ҷиҳати таҳқиқи одилонаи парвандаи Аслиддин Асоев муроҷиат карда буд.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон дар даст доштани дуздии беш аз шаш миллион рубл муттаҳам мешавад. Дар ҷои ҳодиса сабукрави тамғаи "Рено"-и ӯ, ки 11 моҳ қабл аз анҷоми ҷиноят фурӯхта буд, ёфт мешавад. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯро барои дарёфти маълумоти соҳиби нави мошин даъват мекунанд, аммо баъдан ҳамчун ҳамдасти ҷинояткор боздошт мешавад ва инак беш аз 15 моҳ аст, ки дар СИЗО қарор дорад.


Лентаи хабарҳо
0