ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. ИМА алайҳи ислом намеҷангад, балки муқобили онҳоест, ки ба ин дин иснод овардаанд, гуфт президенти ИМА Барак Обама аснои суханрониаш дар ҳамоиши мубориза бар зидди ифротгароӣ дар Вашингтон, иттилоъ медиҳад РИА Новости.
"Ҳеч дине барои терроризм гунаҳкор нест. Барои хушунат ва терроризм одамон ҷавобгаранд",- гуфт Обама.
Райисҷумҳури Амрико роҳбарони "Ал-қоида" ва "Давлати исломӣ"-ро "террорист" номида илова кард, ки онҳо ҳеч вақт "пешвои дин" нестанд. Обама аз пешвоёни дини ислом дар тамоми ҷаҳон даъват кард, ки зидди ин зуҳуроти номатлуб муборизаро тақвият диҳанд.
ИМА ҳамроҳ бо эътилофи байналмилалӣ дар қаламрави Сурия ва Ироқ алайҳи "ДИ" меҷангад.. Ба ғайр аз ин, нерӯҳои ҳукуматии Сурияву Ироқ ва курдҳои ин ду кишвар низ дар ҷабҳаи муқобили ҷангиёни Давлати исломӣ қарор доранд.
Тавсеъаи ДИ дар соли 2014 мушкили аслиро барои амнияти ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба бор овард.