ХФМ: дар ним сол теъдоди муҳоҷирони ғайриқонунӣ 2 баробар камтар шуд

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкМаъмурони пулис бозори "Садовод"-и Маскавро бозрасӣ мекунанд. Акс аз бойгонӣ
Маъмурони пулис бозори Садовод-и Маскавро бозрасӣ мекунанд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба иттилоъи Идораи Федералии муҳоҷирати ФР дар соли 2015 теъдоди муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар кишвар аз 4,3 миллион нафар то 2 миллион нафар, яъне ду маротиба камтар шудааст.

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Теъдоди муҳоҷирон дар Русия дар тӯли шаш моҳи ахир ба ду миллион нафар коҳиш ёфтааст, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба ИФМ ФР.

Ба иттилоъи ин ниҳод феълан дар кишвар беш аз ду миллион нафар муҳоҷирони ғайриқонунӣ қарор доранд.

Барои муқоиса дар моҳи сентябри соли 2014 ИФМ изҳор дошт, ки дар кишвар 4,3 миллион муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба сар мебаранд.

Коҳиши теъдоди муҳоҷирони корӣ — ҳам қонуниву ҳам ғайриқонуниро — коршиносон қабл аз ҳама ба коҳиши қурби рубли русӣ ва ташдиди қавонин марбут медонанд.

"Теъдоди атбоъи хориҷие, ки дар қаламрави Русия ғайриқонунӣ қарор доранд, хеле бузург аст. Феълан теъдоди онҳо болиғ бар 2 миллион нафар аст", — гуфт рӯзи чаҳоршанбе муовини раҳбари ИФМ ФР Екатерина Егорова дар барномаи шабакаи телевизионии "Россия 24".

Вай ёдовар шуд, ки Русия ахиран вуруди атбоъи хориҷӣ ба кишвар, ки мизони қонунии замони ҳузурро гузаштаанд, мамнӯъ кард: "дар маҷмӯъ, аллакай барои 1,2 миллион нафар вуруд мамнӯъ шуд".

Егорова зикр кард, ки ин амри пешгирикунанда аст, зеро мардум талош мекунанд, ки ҳузури худ дар Русияро қонунӣ созанд.

Хабарҳо мабнӣ ба коҳиши 70% атбоъи хориҷӣ ба қаламрави Русияро муовини раҳбари ИФМ бепоя унвон кард ва изҳор дошт, ки бозгашти муҳоҷирон ба ҷашнгириҳо ва тӯзҳои таътил марбут буд.

"Феълан мо коҳиши чашмраси вурудро мушоҳида намекунем. Ин вазъ дар рӯзҳои ҷашнӣ буд, ҳоло вазъ муътадил шудааст. Ҳамакнун дар Русия теъдоди атбоъи хориҷӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба 6% коҳиш ёфтааст", — зикр кард вай.

Муҳоҷирон дар ширкати сохтмонӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ноиби мири Маскав: аз се як ҳиссаи муҳоҷирон пойтахтро тарк мекунанд

Дар бораи таъсири муқаррароти қавонини ҷадиди муҳоҷират (манъи вуруд барои 5 ва 10 сол барои афроде, ки қонунро нақз мекунанд ва роҳандозии муҷҷавизи кор) Егорова изҳори назар карда гуфт, ки ин амр ба беҳбуди вазъи муҳоҷират дар Русия мусоидат мекунад.

"Ин масъала танҳо ба роҳандозии наҳваи ҷадиди ироаи муҷҷавизи кор дар Русия нест, балки масоилест, ки ба ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ мусоидат мекунад", — зикр кард муовини раҳбари ИФМ.

Лентаи хабарҳо
0