Ноиби мири Маскав: аз се як ҳиссаи муҳоҷирон пойтахтро тарк мекунанд

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкМуҳоҷирон дар ширкати сохтмонӣ. Акс аз бойгонӣ
Муҳоҷирон дар ширкати сохтмонӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин мақомдор, ки масъулисиёсати шаҳрсозӣ мебошад, пешгӯӣ мекунад, ки бо сабаби бӯҳрон ва беқурбшавии рубл аксари муҳоҷирине, ки дар сохтмон машғули коранд, пойтахтро тарк хоҳанд кард.

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Ҳудуди 30 % муҳоҷирон, ки дар сохтмон кор мекунанд, пойтахтро тарк хоҳанд кард, агар бӯҳрон ба ин бахш таъсир расонад. Дар ин бора Марат Хуснуллин, муовини раиси шаҳри Маскав иттилоъ дод, менависад РИА Новости.

"Бештар аз 30 дарсад ба хонаҳояшон бармегарданд, агар қурби рубл коҳиш ёбад. Онҳо дар ватанашон корро авлотар хоҳанд донист",-афзуд Хуснуллин.

Ҳамзамон, муовини раиси шаҳр гуфт, ин холигоҳро наметавон аз ҳисоби шаҳрвандони Русия аз дигар минтақаҳои кишвар пур кард.

"Касоне, ки дар ин бахш кор кардан мехоҳанд, аллакай дар ҳамон ҷойҳо кор мекунанд",- қайд кард Хуснуллин.

Чанде қабл Сергей Дегтярев, роҳбари департаменти сиёсати шаҳрсозии Маскав иброз дошта буд, ки ҳиссаи муҳоҷирон дар сохтмонҳои пойтахти Русия на бештар аз 6,5 % —ро ташкил медиҳад. Ӯ шарҳ дод, ки сухан дар бораи муҳоҷирони расман сабтиномшуда меравад. Дегтярев ҳамчунин афзуд, беш аз 60 % сохтмончиёни Маскавро аҳоли таҳҷоӣ, 20 дарсадашро сокинони вилояти Маскав ва 15 фоизи онҳоро намояндагони дигар манотиқи Русия ташкил медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0