ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Дар ҳоли ҳозир дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ва Афғонистон 45 сокини Хатлон иштирок доранд, бо такя ба Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят менависад "Радиои Озодӣ".
"Ҳоло алайҳи ин афрод парванда боз шудааст", — гуфтааст Шаҳзод Раҳимов, як масъули раёсат.
То кунун чор нафари онҳо дар ҷангҳои Сурия ҷони худро аз даст додаанд, ки 2 нафарашон аз Кӯлоб, 1 нафар аз Бохтар ва 1 тани дигар аз Вахш будаанд.
Аз ин пештар, додситонии Хатлон гуфта буд, теъдоди ҷавононе, ки дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ва Афғонистон аз ин минтақа иштирок доранд, ба 31 нафар мерасад.
Шаҳзод Раҳимов гуфт, ҳоло бо дастури ҳукумати маҳаллӣ барои ҷилавгирӣ аз ифротгароии ҷавонон ва ҷинояткори онҳо бо мардум суҳбат анҷом медиҳанд. Вале афзудааст вай, танҳо дар ду моҳи соли ҷорӣ 102 ҷиноят аз тарафи ҷавонон содир шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 63 ҷиноят зиёдтар мебошад.
Аммо мақомоти қудратии ҷумҳурӣ мегӯянд, дар маҷмуъ аз Тоҷикистон дар ҷангҳои хориҷ ҳудуди 200 нафар ширкат доранд. Чанд рӯз муқадаам хабари кушта шудани як ҷангии тоҷик дар сафи "Давлати исломӣ" бо номи Абу Муҳаммад ат-Тоҷикия нашр шуд, ки ба унвони воъизи тоҷикони ҷанговар шинохта буд.