Дар тамоми Русия танҳо 430 муҳоҷир муҷҷавизи кор пайдо кардаанд

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкИроъаи нахустин муҷҷавизи кор дар маркази муҳоҷирони вилояти Маскав. Акс аз бойгонӣ
Ироъаи нахустин муҷҷавизи кор дар маркази муҳоҷирони вилояти Маскав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ироъаи муҷҷавизи кор дар моҳи январ соли ҷорӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2014 дар вилояти Маскав ҳудуди сад дар сад коҳиш ёфтааст.

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Дар моҳи январи соли 2015 дар тамоми Русия танҳо 430 нафар тавонистаанд муҷҷавизи кор дарёфт кунанд, хабар медиҳад хабаргузории "Фергана" бо истинод ба ХФМ Русия.

Тибқи иттилои хадамоти муҳоҷират аз ҳама бештар — 267 — муҷҷавизи кор дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград ироъа шудаанд. Тибқи иттилоъи раёсати минтақавии ИФМ ин рақам 54,7% камтар аз омори моҳи январи соли 2014 аст, ки он замон муҷҷавиз танҳо барои кор дар шахсони алоҳида зарур буд.

"Вазъият дар вилояти Маскав боз ҳам нигаронкунандатар аст: дар ин ҷо дар моҳи январ танҳо 42 муҷҷавиз дода шудааст, ки 99,1% камтар аз ҳамин давраи соли гузашта аст", — омадааст дар хабар.

Қаблан "Фергана" гузориш дода буд, ки тибқи иттилоъ ба 12 феврал дар манотиқи Русия кам афроде тавонистанд муҷҷавизи кор пайдо кунанд: дар вилояти Мурманск даҳ муҳоҷир, дар вилояти Вологда чаҳор нафар дар вилояти Амур танҳо як нафар.

Супоридани санҷиш дар маркази имтиҳоноти муҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар вилояти Маскав ҳамарӯза беш аз ҳазор муҳоҷир санҷиш месупоранд

Дар кишвари Перм нахустин 19 табаъайи хориҷӣ тавонистанд танҳо ахиран санҷиши умумиро бисупоранд, зеро имтиҳонгирандагон нусхаҳои варақоти санҷиширо танҳо моҳи феврал дарёфт кардаанд, ҳарчанд тағйирот дар қавонин аз 1 январи соли 2015 мавриди иҷро қарор гирифтанд.

Дар маҷмӯъ, тибқи иттилоъи ИФМ, дар моҳи январ ба Русия бо аҳдофи мухталиф 1.744.952 нафар табаъайи хориҷӣ ва ё афроди бидуни шаҳрвандӣ ворид шудаанд. Аз ин теъдод 585.403 нафар сабти ном шудаанд.

Тибқи иттилоъи манобеъи ғайрирасмӣ дар Русия беш аз як миллион шаҳрвандони Тоҷикистон ба сар мебаранд.

Лентаи хабарҳо
0