ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Муҳоҷироне, ки то 1 январи соли 2015 муҷҷавизи кор дар Русияро дарёфт кардаанд, метавонанд мӯҳлати онро то моҳи декабр тамдид кунанд, хабар медиҳад РИА Новости.
Асноди зарурӣ барои ин иқдомро вакилони Думаи Маскав омода мекунанд, изҳор дошт раиси комиссияи Дума дар умури сиёсати иҷтимоӣ ва равобити меҳнатӣ Михаил Антонсев.
Дар соли 2014 шаҳрвандони хориҷӣ метавонистанд иҷозаи корро танҳо бо шахсони алоҳида таҳия кунанд ва муҷҷавиз барои онҳо бо наҳваи содда ироъа мешуд — супоридани санҷишҳо, асноди изофӣ ва бимаи пизишкӣ зарур набуд.
Дар моҳи декабри соли 2014 чунин муҷҷавиз барои се моҳ тамдид мешуд ва дар моҳи марти имсол мӯҳлати онҳо анҷом меёбад.
"Ҳоло мо якҷо бо ИФМ Русия асноди эҳтимолиеро баррасӣ мекунем, ки имкон медиҳад ин мӯҳлат то як сол тамдид шавад… то маҷрои шаҳрвандони хориҷӣ, ки барои дарёфти муҷҷавизи кор муроҷиъат мекунанд, коҳиш дода шавад. Зеро он гуна ки шумо иттилоъ доред, тирамоҳи соли гузашта ҳудуди 800 ҳазор муҷҷавизи ҷадиди кор таҳия шуда буд", — гуфт муовини раиси бахши сиёсати иқтисодӣ ва рушди шаҳрдорӣ Мария Багреева дар ҷараёни ҷаласаи муштараки се комиссияи Думаи Маскав рӯзи душанбе.
Антонтсев дар навбати худ тасмими се комиссияи Думаи Маскавро тавзеъ дод: муроҷиат бо асноди зарурӣ дар бораи тасмими сареъ дар заминаи имкони кор дар марҳилаи гузор бо муҷҷавиз барои он афроде, ки ин муҷҷавизҳоро то 1 январи соли 2015 дарёфт кардаанд.
Тибқи муқаррароти ҷадиди муҳоҷирати Русия, ки аз моҳи январи соли 2015 мавриди истифода қарор гирифтанд, муҳоҷирон муваззафанд иҷозаи кор пайдо кунанд. Барои таҳияи иҷозаи кор, иҷозаи иқомати муввақат ё иҷозаи зиндагӣ куллияи атбоъи хориҷӣ ба ҷуз аз муттахасисини варзида мувазафанд донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русияро собит созанд.
Тибқи иттилоъи ИФМ дар авохири соли гузашта дар Русия бидуни Қрим ва гурезаҳои украинӣ бо аҳдофи мухталиф ҳудуди 9,9 миллион нафар атбоъи хориҷӣ ба сар мебурданд, ки 2,7 миллион нафар аз онҳо дар Русия ба сурати қонунӣ кор мекарданд.