ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Тағйирот ба будҷаи Украина дар соли 2015 болоравии қобили тавваҷӯҳи қиммати газ, гармӣ ва нерӯи барқро дар назар дорад, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба рӯзномаи украинии "Вести".
"Ин аснод ҳамчунин ислоҳи қавонини андозро низ дар назар дорад. Ба он ҷо болоравии арзиши газ ба 264% ва болоравии 64% гармӣ барои сокинон ворид карда мешавад. Дар Бонки марказии Украина ҳисоб карданд, ки ин амр мизони таваррумро бо 9% боло мебарад", — гуфтааст ба нашрия яке аз ширкаткунандагони ҷаласаи раҳбари ин ниҳод бо бонкдорони кишвар.
Зикр мешавад, ки тағйироти будҷа дар ҷаласаи изтирории Радаи олии Украина 25 феврал тасвиб хоҳанд шуд.
Ба эътиқоди вазири собиқи даромадҳо ва пардохтҳои Украина Александр Клименко, барои ҷуброни ин амр ба аҳолӣ мақомоти Украина маболиғи маҳдуд дар ихтиёр доранд.
"Барои онҳое, ки ба кӯмакпулиҳо умед доранд, омори оддиеро пешниҳод мекунам: кӯмакпулии давлат ба ширкати "Нафтугаз" дар соли 2014 ҳудуди 100 миллиард гривна шуд (3,8 миллиард доллар), дар соли 2015 ин маблағ бояд то 30 миллиард (1,15 миллиард доллар) коҳиш биёбад, тафовут бояд из ҳисоби боло бурдани арзишҳо ҷуброн шавад", — навиштааст Клименко дар сафҳаи худ дар Facebook.
"Ҳамзамон барои ҷуброни ин амр ба оилаҳои камбизоъат дар соли 2015 ихтисоси танҳо 12,5 миллиард гривна (479 миллион доллар) дар назар аст. Тавофути 57,5 миллиард гривна (2,2 миллиард доллар) аз рӯйи мантиқ бояд аз кисаи украиниҳо пардохт карда шавад", — изофа кардааст вай.
СБП ва Киев дар бораи тавсеъа кардани барномаи кӯмаки молӣ тавофуқи муқаддамотӣ карданд. Ин сандуқ қасд дорад ба кишвар дар сурати риояи бархе аз шартҳо, аз ҷумла ислоҳи будҷа, ба маблағи 17.5 миллиард доллар кӯмак кунад.
Ҳукумат бо ислоҳи будҷа интизор дорад, ки мизони тавварумро дар сатҳи 26% ҳифз карда 12,5 миллиард гривнаро (482 миллион доллар) ба унвони кӯмак ба аҳолӣ барои ҷуброни болоравии қимматҳо масраф кунад.
Коҳиши мизони тавлидоти нохолиси миллӣ дар сатҳи 5,5% дар назар аст.