Покистон раҳбари бахши “Ҷамоати Ансоруллоҳ”-ро ба Тоҷикистон дод

© Sputnik / Владимир ВяткинБоздошт. Акс аз бойгонӣ
Боздошт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукуматҳои Тоҷикистону Покистон барои муқобали муштарак бо террориpми байналмиллалӣ тавофуқ карданд ва қадами нахустин дар ин росто интиқоли чаҳор узви гурӯҳҳои тундгаро ба ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон шуд.

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Раҳбари гурӯҳи созмони террористии "Ҷамоати Ансоруллоҳ" Қамариддин Аҳроров ва чаҳор ҳамтоаш аз сӯйи Идораи байнисоҳавии иктишофии Покистон ба КДАМ Тоҷикистон истирдод шудаанд, хабар медиҳад радиои Озодӣ.

Дар ин бора имрӯз дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки дар он қарордоди миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Покистон дар бораи таъсиси гурӯҳи кории муштарак барои муқобала бо террориpми байналмиллалӣ тасвиб шуд, хабар доданд.

"Идораи иктишофии Покистон ба ҳамтоёни тоҷики худ барои истирдоди шаҳрвандони Тоҷикистон ва чаҳор узви "Ҷамоъати Ансоруллоҳ" —у як узви Ҷунбиши "Толибон" кӯмак карданд. Онҳо қасд доштанд дар Тоҷикистон чанд амали террористӣ анҷом диҳанд", — иқтибос овардааст Азия-Плюс аз суханони муовини аввали раиси КДАМ Тоҷикистон Мансурҷон Умаров.

Покистон, зикр шуд дар ҷаласа, ҳамчунин ба Тоҷикистон дар бозгашти донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисоти таълимии мазҳабии ин кишвар таҳсил мекард, кӯмак кард. Ба ғайр аз ин, ҷониби Покистон ба КДАМ дар таҳияи кадрҳо ва таъминоти фаннӣ мусоидат кард.

Лентаи хабарҳо
0