Вакилон: Ҷамолиддин Маҳмудов то анҷоми тафтишот дар озодӣ бошад

© SputnikФотография Джамолиддина Махмудова на официальном сайте ПИВТ
Фотография Джамолиддина Махмудова на официальном сайте ПИВТ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бузургмеҳр Ёров, яке аз ду вакили мудофеи Маҳмудов 16 феврал изҳор доштааст, ки онҳо мехоҳанд тайи ду моҳи тафтишот Ҷамолиддин Маҳмудов дар озодӣ ва дар назди аҳли оилааш бошад.

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Вакилони мудофеи Ҷамолиддин Маҳмудов, узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломӣ ва узви кумисюни марказии интихоботи Тоҷикистон аз болои қарори ду моҳ ҳабси зерҳимояашон шикоят кардаанд, менависад "Радиои Озодӣ".

Бузургмеҳр Ёров, яке аз ду вакили мудофеи Маҳмудов 16 феврал изҳор доштааст, ки онҳо мехоҳанд тайи ду моҳи тафтишот Ҷамолиддин Маҳмудов дар озодӣ ва дар назди аҳли оилааш бошад.

Ҳафтаи гузашта Додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт қарор кард, то анҷоми марҳилаи аввали тафтишотӣ Ҷамолиддин Маҳмудов ду моҳ дар боздошт хоҳад буд.

Дафтари ҲНИТ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ёров: "Ҷалолиддин Маҳмудов айбро қисман ба дӯш гирифт”

Ҷамолиддин Маҳмудов рӯзи 10 феврали соли ҷорӣ аз сӯи маъмурони амниятӣ ба иттиҳоми нигоҳ доштани ғайриқонуни силоҳ боздошт шуд.

Мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ӯро барои нигоҳдории силоҳ дар хонаи яке аз дӯстонаш дар деҳаи Ҷуқураки Болои ноҳияи Ҳисор айбдор мекунанд. Ин ниҳоди қудратӣ рӯзи 11 феврали соли ҷорӣ бо пахши изҳороте дар ин бора хабар дод ва гуфт, дар пайи кофтукоби манзили Латиф Сардоров, сокини деҳаи Чуқураки Боло, ки 22 сол боз узви ҲНИТ будааст, 2 таппончаи тамғаи Макаров, 4 тирдон, 51 тир ва 1 "запали" таркандаи норинҷаки дастӣ пайдо кардаанд.

Бар асоси иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Латиф Сардорови 60-сола ин миқдор силоҳро дар соли 1996 аз Ҷалолиддини Маҳмуд гирифта, дар манзили худ пинҳон кардааст. Ӯ шоҳидӣ додааст, тамоми силоҳ ба Ҷалолиддини Маҳмуд тааллуқ дорад, на ӯ.

Муҳиддин Кабирӣ дар порлумон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Кабирӣ: аслиҳа воқеъан ба узви ҲНИТ Маҳмудов таъаллуқ дорад

Дар изҳороти КДАМ омадааст, ки тибқи нишондоди шаҳрванд Латиф Сардоров, аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бо собиқаи 22 соли узвият, Ҷалолиддин Маҳмудов соли 1996 2 таппончаи Макаров, 4 тирдон, 51 тир, 1 запали таркандаи норинҷаки дастиро ба ҳамсоя ва дӯсти содиқаш Латиф Сардоров ғайриқонунӣ дода, хоҳиш кардааст, то дар ягон махфигоҳ онҳоро пинҳон намояд.

Ин ниҳоди қудратӣ мегӯяд, соли 2012 низ Ҷалолиддини Маҳмуд ба Латиф Сардоров таъкид карда будааст, "то лавозимоти ҷангии номбурдаро боэҳтиёт нигоҳ дорад, зеро онҳо лозим хоҳанд шуд."

Кумитаи адвлатии амнияти миллӣ мегӯяд, нисбат ба ин ҳолат бар асоси моддаи 195, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, тафтиши қазия идома дорад. Ҳарчанд дар охири ин изҳорот дар бораи боздошти Ҷалолиддини Маҳмуд хабар дода шудааст, аммо дақиқ нест, оё Латиф Сардоров ҳам дар боздошт аст, ё озодӣ.

Лентаи хабарҳо
0