ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Аз борхалтаи варзишии як сокини бекори шаҳри Ғафуров маъмурони Ожонси мубориза бо маводи мухаддир(ОМММ) ҳашт килограмм ҳероинро ошкор карданд, хабар медиҳад маркази матбӯъотии ОМММ Тоҷикистон.
Ҳангоми боздошт ин фард тавзеъ дод, ки компютари хусусиашро барои таъмир мебарад. Борхалтаро боз карда, маъмурон дар дохили компютер 8 бастаи селофаниро пайдо карданд, ки дохилаш хокаи дорои бӯйи вижа буд.
Таҳқиқи коршиносон собит сохт, ки маводи забтшуда ҳудуди ҳашт килограмм ҳероин мебошад.
Дар бозпурсӣ фарди боздоштшуда иқрор шуд, ки ҳероинро аз шиносаш бо исми "Фурқат" гирифтааст. Маъмурон ин фардро мушшахас ва боздошт карданд ва рӯшан шуд, ки ин фард афсари ниҳодҳои интизомӣ дар унвони сарҳанг будааст.
"Афсари қочоқчӣ афроди бекорро пайдо карда бо кӯмаки онҳо ҳероинро ба хориҷи кишвар мунтақил мекард ва барояшон барои ин кор пардохти маблағи ҳангуфтро баъд аз анҷоми амалиёт ваъда медод",-омадааст дар хабари сарчашма.
Феълан таҳқиқот ошкор мекунад, ки сарҳанг аз кӣ ин миқдори бузурги маводи мухаддирро дарёфт кардааст.
Дар ин замина гурӯҳи таҳқиқотии Оҷонсӣ бар пояи моддаи 200 қисми 4 қонуни ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз карда таҳқиқи он идома дорад.
Бояд зикр кард, ки аз аввоили соли ҷорӣ ин дуввумин мавриди боздошти маъмурони ниҳодҳои интизомӣ барои мушорикат дар қочоқи маводи мухаддир аст.