ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Одил Атоев, абераи Нусратулло Махсум, қаҳрамони Тоҷикистон ҷавонтарин номзад ба вакилии парлумон аст, ки дар ноҳияи Шоҳмансури Душанбе мубориза мебарад, менависад "Радиои Озодӣ".
Вай барои пӯшонидани харҷи маъракаи интихоботӣ мошини шахсииашро фурӯхтааст.
Одил Атоев, пизишки 28-солаи тоҷик ва ҷавонтарин номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон, ки акси бобояш рӯи пули миллии 200-сомониро зиннат медиҳад, 12 феврал ба "Озодӣ" гуфтааст, зимни сабти ном ва таблиғ ба мушкили молӣ дучор ва беш аз 6 ҳазор сомонӣ қарздор шудааст.
Ӯ ҳоло ҳамчун номзад дар ҳавзаи №3-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сабти ном шудааст ва 4 ҳазор сомонӣ ҳамчун гаравпулии интихоботӣ расман ба буҷаи ҳукумат супурда, то кунун беш аз ду ҳазор сомонии дигар барои нашри аксу маводҳои таблиғотиаш сарф кардааст.
Ҳоло ӯ мошини навъи "BMW"-ашро ки соли 2000-ум истеҳсол шудааст, бо нархи 5 ҳазор доллари амрикоӣ ба фурӯш гузоштааст ва мутмаин аст, ки бо ин маблағ пурра маъракаи интихоботиашро анҷом медиҳад.
Дар сурати пирӯзӣ ӯ тасмим дорад, пеш аз ҳама бо пешниҳоди тағийру илова ба қонунҳо соҳаи тандурустиро куллан дигар кунад.
"Аввалин пешниҳоде, ки пас аз депутат шудан хоҳам кард, дар мавриди таваҷҷӯҳ ба занони ҳомила ва кӯдакони то 5-сола хоҳад буд. Зан ва кӯдак ин қимматтарин сарвати миллист. Ҳоло мебинам, ки кӯдакон ва занони ҳомилдаи тоҷик аз лиҳози солимӣ осебпазир шудаанд. Пешниҳод хоҳам кард, аз рӯзи аввали ҳомиладорӣ зан зери назорат гирифта шавад ва то таваллуду 5-сола шудани кӯдакаш ба таври ройгон бо ғизои сервитамин ва бо дорувор таъмин карда шавад. Бо ин роҳ мо метавонем, ҷомеаи солим ва миллати солим дошта бошем", — гуфтааст Атоев.
Дар ҳавзаи ноҳияи Шоҳмансур 6 нафар вориди рақобатанд. Баҳром Абдуҳалимов, раиси Кумитаи заминсозии шаҳри Душанбе ба таври худпешбарӣ, Сафаргул Давлиёрова аз ҳизби коммунисти Тоҷикистон, Абӯбакр Комилов аз ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Мунира Расулова аз ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ва Руқия Саидова, духтари асосгузори Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба намояндагӣ аз ин ҳизби мухолиф рақибони ҳамдигаранд.
Ин ягона ҳавзаи интихоботии инфиродӣ дар Тоҷикистон аст, ки ҳизби ҳокими халқии демократӣ дар он ягон номзад надорад. Ин ҳизб ин дафъа низ дар ҳавзаи Шоҳмансур сиёсатшиноси маъруф Сӯҳроб Шарифовро номзад карда буд, вале ӯ баъди анҷом шудани марҳалаи пешбарии номзадҳо дар синни 52 аз олам даргузашт.
Ҳоло дар Тоҷикистон дар як ҳавзаи ягонаи ҳизбӣ ва 41 ҳавзаи инфиродӣ барои 63 курсии порлумон беш аз 300 номзад мубориза мебаранд.