ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Беш аз 20 нафар дар иёлати Калифорнияи ИМА, дар пойгоҳи баҳрнавардон заҳролуд шудаанд, иттилоъ медиҳад РИА Новости дар такя ба шабакаи телевизионии NBC.
Паҳлӯҳои қазия то ҳанӯз норӯшан боқӣ мемонанд. Як манбаъ дар госпитали "Туэнтинайн-Палмс" гуфт, аксари заҳролудшудагон аснои тамриноти низомӣ аз чизе заҳролуд шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, масъулини хадамоти оташнишонӣ эълом доштанд, ки фармондеҳони ин пойгоҳ барои кӯмак ба мақомоти иёлат муроҷиат накардаанд.