ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Сюзан Эллиотт, сафири Амрико дар Тоҷикистон гуфтааст, кишвараш барои иҷрои барномаҳои марбут ба амният ва таҳкими марзи Тоҷикистон солона маблағи 30 миллион доллар ҷудо хоҳад кард, менависад "Радиои Озодӣ".
Вай ин ҳарфҳоро зимни нишасти хабарӣ дар ҳошияи муаррифии барномаи панҷсолаи USAID изҳор доштааст.
Яке аз бахшҳои муҳиме, ки ба гуфтаи хонум Эллиотт, ИМА ба он таваҷҷӯҳи хоса дорад, ин тақвияти амнияти минтақа аст.
"Ин маблағҳо барои омӯзишу таълими сарҳадбонони тоҷик ва таъмини онҳо бо таҷҳизоти муосири техникӣ равона мешаванд", — гуфтааст сафири Амрико.
Хонум Эллиотт ҳамчунин афзудааст, барномаи нави минтақавӣ аз барномаҳои қаблӣ аз он фарқ мекунад, ки давоми солҳои қаблӣ аз ҷониби ҳукумати Амрико бештар кӯмакҳои озуқаворӣ карда мешуд, аммо ҳоло барои дастгирии рушди соҳибкорӣ дар хоҷагиҳо равона карда мешавад. Дар ин нишаст аз кори хоҷагиҳое мисол оварда шуд, ки тавассути барномаи USAID соҳибкории худро рушд дода, деҳқонон маҳсулоти босифати худро ба бозорҳои Тоҷикисон ворид намудаанд.
Директори минтақавии USAID Ҷонатан Аддлтон, яке аз самтҳои муҳими ин барномаҳо дар Тоҷикистонро тиҷорати нерӯи барқ дар минтақа арзёбӣ кард ва гуфт, "мо лоиҳаи КАСА-1000-ро ҳимояти молиявӣ мекунем."
Зеро, ба гуфтаи ҷаноби Аддлтон, ин тарҳ аз ҳамкориҳои хуби минтақавии онҳо бо Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон далолат мекунад.
Сюзан Эллиотт афзуд, то ин замон дар ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон корҳои зиёдеро анҷом додаанд ва изҳори умедворӣ кард, ки барои татбиқи ин барнома ба дастовардҳои зиёд ноил хоҳанд гашт. Дар ин нишаст намояндагони сохторҳои ҳукумати Тоҷикисон, Созмонҳои ҷаҳонӣ ва коршиносону васоити ахбори омма ҳузур доштанд.