Амрико пешсафи ироъаи кӯмакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон аст

© Flickr \ DVIDSHUBКӯмакҳои башардӯстонаи ИМА. Акс аз бойгонӣ
Кӯмакҳои башардӯстонаи ИМА. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Соли гузашта 42 кишвари дуру наздик ба Тоҷикистон кӯмакҳои башардӯстона кардаанд, ки беш аз ними онҳо аз ИМА расидааст.

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Ба Тоҷикистон ба маблағи $57,8 миллион кӯмакҳои башардӯстона ироъа шудааст, ки 56,5% он саҳми ИМА аст, навиштааст хабаргузории Авеста бо истинод ба омори расмӣ.

Дар маҷмӯъ ба Тоҷикистон дар соли 2014 аз 42 кишвари дуру наздик кӯмакҳои башардӯстона ворид шудааст.

Тибқи омори расмӣ, ба кишвар орд, равған ва дигар анвои ғизо ворид шудааст. Аз миёни кишварҳои кӯмакрасон мизони бештари кӯмакҳо ба ИМА — 56,5%, Ҳолланд — 9,4%, Чин — 5,8% иртибот дорад.

Аз миёни кишварҳои муштарак ул манофеъ бештар аз ҳама кӯмакҳои башардӯстонаро Русия — 7,8% ва Қазоқистон — 1,5% ба Тоҷикистон фиристодаанд.

Лентаи хабарҳо
0