ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Сайидмурод Фаттоҳзода, муовини аввали Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз мардуми кишвар даъват намудааст, ки ба ҲХДТ "на аз рӯи ваъдаҳо, балки аз рӯи корҳои кардааш" баҳо ва овоз диҳанд. Ин матлаб дар сомонаи расмии ҲХДТ 12 феврал нашр шудааст.
Фаттоҳзода интихоботро беҳтарин роҳи таъмини ҳокимияти мардумӣ хонда, илова кардааст, ки вақте назди қуттиҳои овоздиҳӣ меравем, мисли ҳамеша ба парламентамон беҳтарин намояндагони хеш, афроди ватандӯсту ватанпараст, донишманду босалоҳият, дорои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ, соҳибнуфуз ва бо симои неку писандидаи маънавию ахлоқиро пешбарӣ ва интихоб кунем.
Ноиби аввали раиси ҲХДТ навиштааст, ки ҳизбашон дар 20 соли гузашта аз имтиҳонҳои зиёде гузашта, обрӯ ва манзалаташро дар миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа таҳким бахшидааст, ки боиси пирӯзияшон дар маъракаҳои сиёсӣ мешавад.
Ӯ инчунин ақидаеро, ки гӯиё Истиқлолияти давлатӣ ба осонӣ ба даст омадааст, танҳо шартан дуруст медонад.
"Чун баъди барҳам хӯрдани давлати абарқудрати шӯравӣ мо шоҳид будем, ки чӣ гуна ба муқовиматҳои сиёсию иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гаштем. Ҷанги ҳамватанӣ ҳазорон нафарро қурбону фирорӣ ва хонахароб намуд. Ба иқтисоди мамлакат миллиардҳо доллар зиён ворид кард. Хисороти маънавии он низ беандоза буд. Барои чӣ мо ба чунин ҳол гирифтор шудем? Фикр мекунам мансабталошию манфиатхоҳии баъзе гурӯҳҳо ва шахсони алоҳида омили бесарусомониҳо гардид", — гуфтааст Фаттоҳзода.
Муовини раиси ҲХДТ сабаби дигари даргирии солҳои 90-умро фаъол гаштани исломи сиёсӣ медонад, ки бо идеологияи коммунистӣ ихтилофоти зиёде дошт.
"Ҳарчанд ки низоми коммунистӣ барои ҷомеа паҳлуҳои хуб ҳам дошту зарарнок ҳам. Бинобар ин муқовимати онҳо авзои сиёсию иҷтимоии ҷумҳуриро муташанниҷ гардонд. Гузашта аз ин аён буд, ки дар пушти муътақидони исломи сиёсӣ баъзе доираҳои ғаразҷӯи хориҷӣ қарор доштанд ва мехостанд дар Тоҷикистон давлати исломӣ бунёд намоянд. Ҳамин тариқ, дар ҷумҳурии нав ба истиқлолият соҳибгаштаи мо як фазои ноороми сиёсию иҷтимоӣ ба вуҷуд омад, ки оқибатҳои ногувори онро дар солҳои минбаъда дидем", — гуфтааст Фаттоҳзода.
Фаттоҳзода дар мавриди таърихи пайдоиши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мегӯяд, он зодаи ҳукумат аст.
"Агар дигар ҳизбҳо барои соҳиби қудрат шудан ташкил шуда бошанд, пас ҳизби мо аллакай соҳиби ҳукумат шуда буд. Аз ҷониби дигар дар ҳамон шароит ташкил намудани ҳизби сиёсӣ кори осон набуд. Зеро ки аҳзоби мавҷуда бо мусаллаҳ шудану талоши ҳукумат кардан обрӯи худро дар ҷомеа резонда буданд. Бинобар ин ташкил намудани ҳизб кори осон набуд", — афзудааст ин аъзои баланмақоми ҲХДТ.
Фаттоҳзода яке аз омилҳои демократияро интихоботи шаффофу демократӣ хонд, ки дар Тоҷикистон барои он тамоми шароит муҳайё шудааст. Вай гуфтааст, иштироки 90,3 дарсади интихобкунандагон дар интихоботи соли 2010 шаҳодати он аст, ки мардум ба интихобот эътиқоду эътимод доранд ва "умеду орзуҳои хешро ба натиҷаҳои он марбут сохтаанд".
Ӯ илова намудааст, ки ҲХДТ бо 250 ҳазор нафар аъзою 4 ҳазор ташкилоти ибтидоӣ бузургтарин, муассиртарин ва писандидатарин неруи сиёсии кишвар аст.
Ба гуфтаи Фаттоҳзода интихоботи оянда нишон хоҳанд дод, ки кадом ҳизб ба мардум наздиктар аст.
"Мо ба касе ваъдаҳои хушку холӣ доданӣ нестем, касеро ташвиқ карданӣ ҳам нестем, ки кӯркӯрона аз паи мо рафта, ба тарафдориамон овоз бидиҳанд. Ташвиқи мо иқдомҳои мушаххаси мо давоми ду даҳсолаи охиранд, ки Тоҷикистони азизамонро тавассути таъмини суботи сиёсию иқтисодӣ ба як кишвари рӯ ба пешрафт табдил сохтаанд. Ташвиқи мо барномаи навбатии пешазинтихоботиамон аст, ки бо нақшаву ниятҳои мушаххас барои оянда, рушди устувори мавҷуда дар мамлакат бебозгашт ва зиндагии мардумамонро фаровонтару осудатар мегардонанд", — дар интиҳо илова кардааст муовини аввали раиси ҲХДТ.