Бодакови варзишгар ҳам аз ҲХДТ вакил мешавад

Обуна шудан
Боз як варзишгари тоҷик номзад ба вакилии маҷлиси шаҳрӣ аз ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода шуд, ӯ қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи каратэ-до WKF аст.

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Каратисти тоҷик, қаҳрамони ҷаҳон Муҳаммад Бодаков аз рӯйхати ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ба ҳайси номзад ба вакилии маҷлиси шаҳрӣ сабти ном шуд, менависад сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Бодаков барандаи чандин сабқатҳои ҷаҳонӣ ва осиёӣ буда, дар риштаи каратэ-до WKF миёни устодон унвони қаҳрамониро касб кардааст. Айни замон Бодакови 45-сола президенти Федератсияи каратэ-дои ҶТ мебошад.

Мавзуна Чориева – номзади ҲХДТ дар Маҷлиси Душанбе

Маврид ба ёдоварист, Мавзуна Чориева муштзани тоҷик низ ба унвони номзад ба вакилӣ барои ба даст овардани курсии вакилӣ дар маҷлиси пойтахт вориди рақобати интихобтӣ гардид.

Муҳаммад Бодаков мегӯяд, дар сурати пирӯзӣ дар интихобот кӯшиш хоҳад кард, ки масоили варзишӣ ва ҷалби ҷавононро ба варзиш дар мадди аввал гузорад.

Интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ дар баробари интихоботи парлумонии Тоҷикистон рӯзи 1 март сурат мегиранд

Лентаи хабарҳо
0