Раҳмон ва Абдилддаев масоили марбут ба марзро баррасӣ карданд

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в FacebookМулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо Эрлан Абдилдаев, вазири корҳои хориҷии Қирғизистон
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо Эрлан Абдилдаев, вазири корҳои хориҷии Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ин робита атрофи лоиҳаи созишномаи дуҷониба доир ба таҳкими чораҳои боварӣ дар сарҳади миёни ду кишвар мубодилаи судманди афкор сурат гирифт.

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири умури хориҷаи Қирғизистон Эрлан Абдилдаевро, ки дар доираи як сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, рӯзи гузаштаи 10-уми феврал ба ҳузур пазируфт, иттилоъ медиҳад сомонаи президенти ҶТ.

"Ба масоили вобаста ба муайянсозӣ ва аломатгузории хатти сарҳади миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар қитъаҳои баҳснок таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Дар ин робита атрофи лоиҳаи созишномаи дуҷониба доир ба таҳкими чораҳои боварӣ дар сарҳади миёни ду кишвар мубодилаи судманди афкор сурат гирифт",- афзудааст манбаъ.

Сарчашма мегӯяд, дар ин мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвари ҳамсоя, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсат, амнияти минтақавӣ, иқтисод ва тиҷорат ва илму фарҳанг низ баррасӣ шудааст.

Атамбоев бо Путин вохӯрд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Миёни Тоҷикистону Қирғизистон ду пул бунёд мешавад

Ҷонибҳо ҳавасмандии худро ба идомаи ҳамкорӣ дар ин самт ва пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои иғвоангез таъйид намуда, таъкид кардаанд, ки шарикии боэътимоди Тоҷикистону Қирғизистон доир ба ҳалли мушкилоти гуногуни минтақавӣ, аз ҷумла доир ба истифодаи босамар аз захираҳои обию энергетикӣ, нақлиётию транзитӣ ва иқтисодию тиҷоратӣ, ба нафъи ду мардуми дӯсту ҳамсоя бояд идома ёбад ва ҳамсоягии накуи мо қавию бардавом бошад",-қайд мешавад дар хабари сарчашма.

Қабл аз ин вазири умури хориҷаи Қирғизистон бо ҳамтои тоҷики худ — Сироҷиддин Аслов мулоқот анҷом дода буд. Ба иттилои дафтари матбуоти ВУХ-и кишвар, дар ин вохурӣ таваҷҷуҳи хосса ба масоили амниятӣ зоҳир гардида, бо назардошти ташаккули вазъият дар Афғонистон, вазирони корҳои хориҷии ду кишвар зарурати таҳкими ҳамкориҳоро дар самти мубориза алайҳи хатару чолишҳои минтақавӣ, аз ҷумла бо истифода аз абзорҳои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкориии Шанхай таъкид намуданд.

"Бар зарурати суръат бахшидан ба раванди делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии миёни ду кишвар ва ҳалли масоили марбут ба ин раванд тавассути пайдо кардани роҳҳои барои ҳар ду ҷониб мақбул ва ҷавобгӯи манфиатҳои ду кишвар ишора гардид",- омадааст дар хабар.

Душанбеву Бишкек, инак, ду даҳсола боз наметавонанд раванди таъин ва аломатгузории 970 километр марзи мустақими ду кишварро ба поён расонанд. Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳар сол чандин бор бархӯрдҳои хушунатомез сурат мегиранд, ки мунҷар ба кашмакашҳои сокинони ҳар ду ҷониб мегардад.

То имрӯз танҳо чизе бештар аз 500 километр аз 970 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон пурра мушаххас шудаасту бас.

Лентаи хабарҳо
0