ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Ҷалолиддини Маҳмуд — узви Раёсати олӣ, мушовири сиёсии раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон аз ин ҳизб аз сӯи маъмурони амниятии кишвар боздошт шудааст, менависад АМИТ "Ховар".
Мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ӯро барои нигоҳдории силоҳ дар хонаи яке аз дӯстонаш дар деҳаи Ҷуқураки Болои ноҳияи Ҳисор айбдор мекунанд. Ин ниҳоди қудратӣ рӯзи 11 феврали соли ҷорӣ бо пахши изҳороте дар ин бора хабар дод ва гуфт, дар пайи кофтукоби манзили Латиф Сардоров, сокини деҳаи Чуқураки Боло, ки 22 сол боз узви ҲНИТ будааст, 2 таппончаи тамғаи Макаров, 4 тирдон, 51 тир ва 1 "запали" таркандаи норинҷаки дастӣ пайдо кардаанд.
Бар асоси иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Латиф Сардорови 60-сола ин миқдор силоҳро дар соли 1996 аз Ҷалолиддини Маҳмуд гирифта, дар манзили худ пинҳон кардааст. Ӯ шоҳидӣ додааст, тамоми силоҳ ба Ҷалолиддини Маҳмуд тааллуқ дорад, на ӯ.
"Тибқи нишондоди шаҳрванд Латиф Сардоров, аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бо собиқаи 22 соли узвият, Ҷалолиддин Маҳмудов соли 1996 2 таппончаи Макаров, 4 тирдон, 51 тир, 1 запали таркандаи норинҷаки дастиро ба ҳамсоя ва дӯсти содиқаш Латиф Сардоров ғайриқонунӣ дода, хоҳиш кардааст, то дар ягон махфигоҳ онҳоро пинҳон намояд",- омадааст дар изҳороти КДАМ.
Ин ниҳоди қудратӣ мегӯяд, соли 2012 низ Ҷалолиддини Маҳмуд ба Латиф Сардоров таъкид карда будааст, "то лавозимоти ҷангии номбурдаро боэҳтиёт нигоҳ дорад, зеро онҳо лозим хоҳанд шуд."
Кумитаи адвлатии амнияти миллӣ мегӯяд, нисбат ба ин ҳолат бар асоси моддаи 195, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, тафтиши қазия идома дорад. Ҳарчанд дар охири ин изҳорот дар бораи боздошти Ҷалолиддини Маҳмуд хабар дода шудааст, аммо дақиқ нест, оё Латиф Сардоров ҳам дар боздошт аст, ё озодӣ.
Ҷалолиддини Маҳмуд — узви Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва собиқ раиси Комиссияи назорати оташбас аз ҷониби мухолифин дар солҳои ҷанги дохилӣ аст. Дар ноҳияи Ҳисор ба дунё омада, 51 сол дорад. Шӯъбаи иқтисоду савдои Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар соли 1988 хатм кардааст. Хидмати сарбозии даврони Шӯравиро дар Муғулистон анҷом додааст.
Аз солҳои 80-ум бо ҳаракатҳои исломӣ пайваст мешавад ва дар ҳалқаҳои динии он солҳо донишҳои исломии худро такмил медиҳад. Фаъолияти кории худро дар "Таджиклифтремонт" ба ҳайси корманди техникӣ шурӯъ карда, баъдан дар Омӯзишгоҳи савдои шаҳри Душанбе ба ҳайси муаллим идома медиҳад.
Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Маскав паноҳанда мешавад ва сипас аз тарафи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин масъулияти раёсати Комиссияи назорати оташбасро ба ӯҳда мегирад. То чанд муддат раёсати бахши минтақаии ҲНИТ дар навоҳии тобеи марказро дар ихтиёраш мегузоранд. Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.