ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин ва райисҷумҳури ИМА Барак Обама бо ташаббуси ҷониби Амрико масоили марбут ба Украинаро баррасӣ карданд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба Хадамоти матубуотии Кремл.
"Бо ташаббуси ҷониби Амрико сӯҳбати телефонии президентҳои ду кишвар сурат пазируфт. Зимни он таъмини амнияту субот дар Украина, ҷилавгирӣ аз хунрезӣ ва роҳҳои ҳалл ва бартарафсозии бӯҳрони сиёсии он кишвар муҳокима гардид",- омадааст дар хабари сарчашма.
Аснои сӯҳбат Путин ба вазъи Украинаи Ҷанубу Шарқӣ дахл карда, мавқеъи Русияро дар қиболи ҳалли бӯҳрони минтақа иброз дошт. Ӯ гуфт, Русия ҳамоно ҷонибдори рафъи мушкилот тариқи роҳҳои дипломатӣ аст ва аз мулоқот дар шакли "формати нормандӣ" дар Минск тарафдорӣ менамояд.
Маврид ба тазаккур аст, ки раҳбарони Олмону Украина ва Фаронсаву Русия роҷеъ ба бӯҳрони Украина рӯзи 11 феврал дар шаҳри Мински Беларус бо ҳам мулоқот мекунанд.
Ҷангҳо байни нирӯҳои давлатии Украина ва ҷудоиталабони тарафдори Русия дар вилоятҳои Донетску Луҳански Украина аз апрели соли 2014 ба ин тараф мунҷар ба ҳалокати беш аз 5350 нафар шудааст.