ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Созмони ифротии "Давлати исломӣ" тасмим дошт ба силоҳи кимиёвии мамнӯъшуда дастрасӣ пайдо кунад, изҳшор дошт Аҳмад Узюмҷу, мудири кулли Ташкилоти манъи яроқи кимиёвӣ аснои сӯҳбат бо ширкати телевизионии NHK, иттилоъ медиҳад РИА Новости.
Узюмҷу гуфт, далели раднопазир дар ин бора надорад, аммо иттилое дар ин маврид ба ӯ расидааст.
"Агар ин ташкилот (манзур ДИ- шарҳи идора) ба препаратҳои кимиёвӣ дастрасӣ пайдо кунад, ин ҳолати хатарнокро ба бор меорад",-иброз дошт ӯ.
Узюмҷу аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват кардааст, ки аз паҳншавии силоҳи ҳастаӣ (кимиёвӣ) ҷилавгирӣ намоянд.
Номбурда афзуд, нобудсозии силоҳҳои кимиёвӣ дар Сурия, ки тибқи нақша то моҳи июни соли равон бояд ба анҷом мерасид, бино ба сабаби идомаи ҷанги шаҳрвандӣ ба таъхир уфтодааст. Ба қавли Узюмҷу, дар 12 иншооти кимиёвии Сурия корҳои марбута дар моҳи сентябр ба охир мерасанд.
Охири моҳи октябр масъулини "Ташкилоти манъи яроқи кимиёвӣ" эълом дошта буданд, ки ҳудуди 98% моддаҳои кимиёвӣ аз Сурия берун бурда шудаанд.