Боздошти Оятуллоҳ Гиляев тасдиқ шуд

© Sputnik / Владимир АстапковичБоздошт. Акс аз бойгонӣ
Боздошт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин иттилоъро намояндаи раёсати зудамали ФСБ-и Русия Абдурашид Фахриев низ дар сӯҳбат бо вакили мудофеъ Бузургмеҳр Ёров тасдиқ кардааст.

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Мақомоти амниятии шаҳри Новосибирски Русия гуфтаанд, Оятуллоҳ Гиляев — сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва яке аз аъзои созмони ҷавонон "Барои эҳёи Тоҷикистон"-ро боздошт кардаанд, ки феълан дар СИЗО-и рақами 1-и ин шаҳр нигаҳдорӣ мешавад, менависад "Радиои Озодӣ".

Ин иттилоъро намояндаи раёсати зудамали ФСБ-и Русия Абдурашид Фахриев низ дар сӯҳбат бо вакили мудофеъ Бузургмеҳр Ёров тасдиқ кардааст. Ҷаноби Ёров барои пайдо кардани ҷузъиёти бештар дар робита ба қазияи зерҳимояш — Умедҷон Салиҳов ба Русия рафта буд.

Шабакаҳо рӯйхати 10 дӯсти боздоштшудаи Қувватовро нашр карданд

Оятуллоҳ Гиляев 27 сол дошта, зодаи ноҳияи Рӯдакӣ аст. Ва мақомоти Русия гуфтаанд, ӯ яке аз аъзои созмони ҷавонон "Барои эҳёи Тоҷикистон" аст, ки дар гирдиҳамоии рӯзи 25 сентбяри соли гузашта дар Новосибирск иштирок дошт. Қаблан дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук рӯйхати даҳ нафаре нашр гардид, ки гуфта мешуд, аз сӯи мақомоти Русия ва Тоҷикистон бо иттиҳоми узвият дар созмони ҷавонон "Барои эҳёи Тоҷикистон" боздошт гардидаанд ва дар он рӯйхат номи Оятуллоҳ Гиляевро низ оварда буданд.

Дар ҳамин ҳол, сомонаи расмии Додгоҳи ноҳияи Джерзинскии Новосибирск аз суд шудани фарде бо номи Гиляева Оятулло Муҳидинович хабар медиҳад. Шаҳрвандии ин нафар зикр намешавад, вале сомона менависад, Оятулло Гиляев дар моҳи сентярби соли 2014 бо иттиҳоми дуздии 500 рубли русӣ — муодили 40 сомонии тоҷикӣ ба як соли зиндони шартӣ маҳкум шуда буд.  

Ёдрас мешавем, созмони ҷавонон "Барои эҳёи Тоҷикистон" як  гурӯҳи наздик ба созмони дар Тоҷикистон мамнӯи "Гуруҳи 24"-и соҳибкори фирорӣ Умаралӣ Қувватов аст. Раҳбари "Барои эҳёи Тоҷикистон" Мақсуд Иброҳимов моҳи январи соли ҷорӣ ба таври мармуз аз Маскава ғайб зад. Баъди чанд рӯз мақомоти Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки ӯ дар боздоштгоҳи Душанбе қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0