Дар Бишкек мавориди ҳамла ба кӯдакон афзоиш ёфтааст

© Sputnik / Олег Ласточкин / Гузариш ба медиабонкБишкек. Акс аз бойгонӣ
Бишкек. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сокинони калонсоли маҳаллоти ҷадиди Бишкек дар дидор бо шаҳрдор мавзӯи нигаронкунандаи таъмини амнияти фарзандонашонро матраҳ карданд.

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Сокинони маҳаллоти ҷадиди Бишкек ба шаҳрдор Кубаничбек Кулматов аз афзоиши мавориди ҳамла ва хушунат алайҳи фарзандон шикоят карданд, менависад хабаргузории "Озодагон".

"Мо аз амнияти фарзандони худ нигаронем! Дар Бишкек доман задани ҷароим мушоҳида мешавад! Кӯдакони зери 18 сола қурбонии гурӯҳҳои ҷиноятӣ қарор мегиранд!", — рӯзи панҷшанбе изҳор доштаанд сокинони маҳаллоти ҷадиди Бишкек дар дидор бо шаҳрдор.

Сокинони шаҳр бар ин назаранд, ки ин вазъиятро бидуни мусоидати мақомоти маҳалли ва ниҳодҳои интизомӣ назорат кардан ғайримумкин аст.

Ба гуфтаи онҳо, ин вазъиятро адами зербаноҳо — макотиб, бошгоҳҳои варзишӣ ва клубҳо душвор месозад. Ҳамчунин кӯдакони хурдсоли онҳо маҷбур мешаванд ҳамарӯза масофаи тӯлониро бо чанд васоили нақлияи шаҳрӣ тай карда ба таҳсил бираванд. Дар фасли зимистон мактабхонҳо дар торикӣ ба хона мерасанд ва амнияти онҳо зери суол меравад.

"Мавориде буданд, ки аз онҳо телефонҳои ҳамроҳ ва маблағашонро мегирифтанд ва худо накарда ягон ҳолати бадтаре, ки аз тахминаш ҳатто тарс дорем, рух диҳад. Пӯшида нест, ки дар Бишкек кӯдаконро ба ҳангоми мактабравӣ ғорат ва таҷовуз мекунанд", — изҳори нигаронӣ карданд сокинони шаҳр.

Ба унвони мисол аз мавриди ахире ёдоварӣ шуд, ки марди духтараки ноболиғро таҷовуз карда аз сӯйи маъмурони пулиси ноҳияи Свердловск боздошт шуд.

28 январ сокини 35-солаи пойтахт духтараки 16-соларо, ки ба мактаб мерафт, латукӯб ва таҷовуз кард. Дертар ин мард боздошт шуду дар боздоштгоҳ қарор дорад ва парвандаи вай таҳқиқ мешавад.

Куллияи пешниҳодот ва шикоёт сабт шуда таҳти назорати шаҳрдор ва пулиси Бишкек гирифта шудаанд.

Эълом шуд, ки чунин мулоқот бо бозрасии фаъолияти нозирони минтақавӣ ҳамакнун пайваста дар ҳамаи маҳаллоти шаҳр сурат мегиранд.

Лентаи хабарҳо
0