ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Олмон аз Украина бо силоҳ пуштибонӣ намекунад, иқтибос овардааст РИА Новости аз изҳороти садри аъзами Олмон Ангела Меркел.
"Олмон Украинаро бо силоҳ пуштибонӣ намекунад. Ман мутмаъинам, ки ин ихтилофот роҳи ҳалли низомӣ надорад ва маҳз ба ин далел мо аз таҳримот пуштибонӣ кардем", — гуфт садри аъзами Олмон дар нишасти матбуотӣ дар Будапешт, ки рӯзи душанбе сурат гирифт.
Аз ин пеш коршиносони амрикоӣ ба Кохи сафед машварат доданд, ки ба Украина бо силоҳи мудофиавӣ ва марговар кӯмаки низомӣ кунад.
Содироти силоҳ аз сӯйи Иёлоти Муттаҳида ба Украина даргирӣ дар ҷанубу шарқи ин кишварро тақвият мебахшад. Коршиноси умури сиёсати хориҷӣ ва узви Ҳизби сотсиал-демократи Олмон Нилс Аннен низ бар ин назар аст ва аз Вошингтон даъват кард, ки ба усулҳои дипломатии ҳалли қазия содиқ бошад.
Коршиноси сиёсати хориҷии Ҳизби "сабзҳо" Юрген Триттин эҳтимоли содироти силоҳи ИМА ба Украинаро "бозӣ бо оташ" номид.
Амалиёти низомӣ дар Донбасс дар моҳи апрели соли гузашта алайҳи норозиёни минтақа аз табадуллоти давлатии моҳи феврал оғоз шуд. Тибқи иттилоъи САҲА, то ҳол беш аз 5 ҳазор нафар қурбонии ин даргирӣ шуда ҳудуди як миллион нафар гуреза шудаанд.
Аз моҳи сентябр дар Минск чанд нишасте баргузор шуданд, ки дар он ҷонибҳо дар бораи оташбас тавофуқ карда назорат бар иҷрои онро ба САҲА вогузор карданд. Аммо аз 9 январ шиддати тирпарронӣ дар минтақа афзоиш ёфт. 18-уми январ Киев расман эътироф кард, ки низомиёни давлатӣ дар фурудгоҳи Донетск амалиёти густурда анҷом медиҳанд. Захарченко Киевро дар нақзи шароити оташбас ва ҳамла ба ҷумҳурӣ муттаҳам кард.