ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Муовинони ёвари вазири хориҷа Даниэл Розенблум ва Стивен Фелдштейн ба Душанбе аз 5 то 8 феврал сафар мекунанд, омадааст дар баёнияи сафорати ИМА дар Тоҷикистон.
Барномаи сафари намояндагони вазорати хориҷаи ИМА мулоқоти онҳо бо мақомоти давлати Тоҷикистонро дар назар дорад.
"Дар ҷараёни сафари худ онҳо бо намояндаҳои ҳукумати Тоҷикистон дидор хоҳанд дошт", — омадааст дар баёнияи сафорат.
Баъд аз баррасии як зумра масоили дуҷониба ва байналмиллалӣ, ёварони вазири хориҷа ҳамчунин "бо созмонҳои ҷамъиятӣ дидор хоҳанд дошт", — зикр мешавад дар баёнияи намояндагии дипломатӣ.
Розенблум муовини ёвари вазири хориҷаи ИМА дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ аст ва сиёсати Иёлоти Муттаҳида ва равобити дипломатӣ бо панҷ кишвари Осиёи Марказиро таҳти назар дорад.
Стивен Фелдштейн, ки низ муовини ёвари вазири хориҷаи Иёлоти Муттаҳида дар умури демократӣ, ҳуқуқи инсон ва меҳнат аст, масъули масоили байналмиллалии меҳнат ва озодиҳои байналмиллалии мазҳабӣ мебошад.