ИМА ба марзбонони тоҷик дар ҳаҷми $100 ҳазор кӯмак кард

© Flickr \ Photo RNWХаймаҳои низомиён дар Афғонистон. Акс аз бойгонӣ
Хаймаҳои низомиён дар Афғонистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафорати Амрико ёрии молиявӣ ва фаннии худро ба сохторҳои қудратии Тоҷикистон барои ҳифзи амнияту субот дар кишвар идома медиҳад.

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз сафорати Амрико дар Душанбе хайма ва нақлиёт ҳадя гирифт, менависад сомонаи Сa-news.

Ин кӯмак аз сӯи Бахши байналмилалии назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии сафорат (INL) тақдим гардидааст.

"Ин ҳадя, ки арзишаш тақрибан 100 000 доллари амрикоӣ мебошад, иқтидори техникии Қушунҳои сарҳадиро дар таъмини бехатарии сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд хоҳад кард",- омадааст дар хабар.

Манбаъ мегӯяд, ҳукумати Иёлоти муттаҳидаи Амрико тасмим гирифтааст, дастгирии сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва адлияи Тоҷикистонро идома дода, бо ҳукумат дар таъмини амнияти ҳамаи шаҳрвандони он ҳамкорӣ намояд/

Тибқи иттилои расмӣ, аз соли 1992 ба ин сӯ мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи беш аз як миллиард доллари амрикоӣ ҷудо намудааст.

Лентаи хабарҳо
0