КМИР нӯҳ номзади ҳизби Зойировро рад кард

© Sputnik / Амир ИсаевТабличка у офиса ЦИК в Душанбе. Архивное фото
Табличка у офиса ЦИК в Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон аз 22 номзади Ҳизби сотсиал-демократ 13 тани онҳоро ба қайд гирифт ва 9 нафарашонро аз рӯйхати ҳизбӣ берун кард

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) аз 22 номзади Ҳизби сотсиал-демократ 13 нафарро ба қайд гирифта, 9 тани онҳоро аз рӯйхати ҳизбӣ хориҷ кардааст, хабар медиҳад сомонаи Радиои "Озодӣ".

Урна для голосования на одном из избирательных участков в Таджикистане. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
ҲСДТ аз интихобот бо нишони эътироз даст мекашад

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИРТ, 2 феврал дар нишасти якҷоя бо масъулони ҲСДТ гуфтааст, нӯҳ номзади онҳо, ки дар миёнашон исми Алим Шерзамонов, Ҳоҷимуҳаммад Умаров, Файзиннисо Воҳидова, Шӯҳрат Қудратов ва… Бахтиёр Насруллоев ҳаст, ба далели пешниҳод накардани аснод ва Фирдавс Соҳибназаров ба иллати доштани парвандаи ҷиноӣ аз феҳристи ҳизбӣ берун карда шудаанд.

Шоҳиён афуздааст, Додситонии кулл 31 январ бо ирсоли номаи расмӣ аз парвандаи ҷиноӣ алайҳи Фирдавс Соҳибназаров — номзади ҲСДТ хабар додааст.

"Фирдавс Соҳибназаров бар асоси моддаҳои 245, қисми 4, банди "б" (азони худкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон) ва 262, қисми 3, банди "в" (қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дастоварда ба миқдори махсусан калон) муттаҳам мешавад", — хабар додааст Шоҳиён.

Зимнан, Соҳибназаров бар иловаи рӯйхати ҳизбӣ, аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ низ номзадиашро пебарӣ карда буд.

Ба ин тартиб, ҳоло тариқи рӯйхати Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон 13 номзад ва 65 нафар афроди боэътимоди онҳо сабти ном шуда, барои дарёфти курсии вакилӣ талош хоҳанд кард.

Зойиров дар ҳуҷраи ҳизбаш Анҷуман баргузор кард

Шоҳиён дар интиҳои нишаст аз Раҳматулло Зоиров, раиси ҲСДТ хостааст, барои муаррифии барномаи ҳизбаш тариқи телевизионҳои давлатии Тоҷикистон омодагӣ бигирад.

То кунун Абдуҳалим Ғаффорзода, раиси Ҳизби сотсиалист ва Саидҷаъфар Исмонов — раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон тариқи шабакаҳои давлатӣ барномаи пешазинтихоботии ҳизбашонро муаррифӣ кардаанд. Қарор аст, шоми 3 феврал Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ҳам дар тӯли 40 дақиқа барномаҳои ҳизбашро ба мардум бифаҳмонад.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон барои аҳзоби сиёсӣ 40 дақиқа ва барои номзадҳо аз ҳавзаҳои якмандатӣ 20 дақиқа вақт ҷудо намудааст, то аз тариқи шабакаҳои давлатӣ барномаҳои худро шарҳ диҳанд.

Лентаи хабарҳо
0