ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Анҷумани Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аз рӯйхати ҳизбӣ барои ширкат дар интихоботи парлумонии соли 2015 аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ 22 номзад пешниҳод кард, хабар медиҳад сомонаи Tojnews.
Дар анҷумани ҳизб, ки 27 декабр дар қароргоҳи ҲСДТ баргузор шуд, номзадҳо аз рӯи алфавит пешниҳод шуд. Ба ин тартиб Амният Абдулназаров, яке аз аъзои сотсиал-демократ дар сархат қарор гирифт.
Ба илова, дар идомаи рӯйхати ҳизб исми адвокатҳои маъруфи тоҷик — Бузургмеҳр Ёров, Файзинисо Воҳидова, Толиби Сангин, Шуҳрат Қудратов омадааст.
Инчунин, ин ҳизб аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ низ номзад ба вакилӣ аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ пешниҳод кард. Аз ҷумла аз Улфатхонум Маҳмадшоева, аз Хоруғ, Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддон ва Мирҳусейн Назриев, раиси пешини ҲСТ-ро пешниҳод кард.
Дар рӯйхати ҳизбӣ исми Раҳматилло Зойиров, дар ҷойи шашум ва Шуҳрат Қудратов, муовини раиси ҳизб, ки феълан дар ҳабси пешакист, дар ҷойи ҳафтум қарор дорад.
Шокирҷон Ҳакимов, муовини раҳбари ҲСДТ аз рӯйхати ҳизбии номзадҳо ба вакилӣ номашро хат зад. Сабаби бозпас гирифтани номзадияшро Ҳакимов ба журналистон шарҳ дода гуфтааст, "бо сабаби надоштани маблағ исмашро аз рӯйхати ҳизбӣ пешниҳод намекунад". Аммо дар ҳавзаи якмандата дар ноҳияи Конибодом пешниҳод хоҳад кард. Ҳамчунин Дилбар Самадова аз рӯйхати номзадҳои ҲСДТ бо баҳонаи кори илмӣ доштан, номзадияшро бозпас гирифт. Ғулом Зариф, яке аз дигар номзади сотсиал-демократҳо бо изҳори сипос аз Анҷуман гуфт, ки "нафақахӯр мебошаду тавони ширкат дар интихоботро надорад".
Раҳматилло Зойиров дар як суханронии кӯтоҳ дар назди вакилони ҳизбаш гуфт, ки ягон ташкилот ва ё идорае ҳозир нашуд, ба ҳизб толор ба иҷора диҳад. Ин аст, ки Анҷуман дар қароргоҳи ҳизб дар як ҳуҷра баргузор мешавад.
Аксар ширкаткунандагони Анҷумани ҳизб, ки беш аз 50 вакил буданд, дар ҳуҷраи қароргоҳи ҳизб рост меистоданд.