ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Нисбати 11 сокини минтақаи Кӯлоб барои ширкат дар даргириҳои Сурия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, хабар медиҳад Радиои Озодӣ бо истинод ба сардори РКД-и вилояти Хатлон Баҳром Шарифзода.
Ба гуфтаи вай, ки то моҳи январ вазифаи раҳбари пулиси Кӯлобро бар зимма дошт, бештаре аз онҳо сокинони Кӯлоб, Фархор ва ноҳияи Ҳамадонӣ мебошанд.
Сардори пулиси Хатлон ҳамчунин хабар дод, ки соли гузашта дар минтақаи Кӯлоб 1379 ҷиноят сабт шудааст (дар муқоиса бо соли 2013- 54 маврид бештар), ки аз миёни онҳо 172 ҷинояти сангин (+21) мебошанд. Аз миёни ин ҷиноят, 71-тои онро ноболиғон содир кардаанд. 10 мавриди қатл (+1) сабт шудааст. Шарифзода гуфт, ки 296 нафар мавриди пайгарди қонунӣ эълом шуда 114 нафар боздошт ва аллакай маҳкум шудаанд.
Рӯзи ҷумъаи гузашта Юсуф Раҳмонов, додситони кулли кишвар хабар дод, ки дар соли гузашта нисбати 85 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Сурия ва Ироқ меҷанганд, парванди ҷиноӣ боз шудааст.
Тибқи омори расмӣ дар ин кишварҳо ҳудуди меҷанганд.
Мақомот қасд доранд барои муқобала бо таблиғгарони ҷанг дар ин кишварҳо ва масдуд кардани роҳҳои интиқоли атбои тоҷик ба ин ҷангҳо ситоди вижа таъсис бидиҳанд.