Як афғон се амрикоиро дар Кобул кушт

© Sputnik / А. Соломонов / Гузариш ба медиабонкФурудгоҳи Кобул. Ҷанг дар Афғонистон. Акс аз бойгонӣ
Фурудгоҳи Кобул. Ҷанг дар Афғонистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Cе корманди қарордодӣ ва ё шартномавии амрикоӣ дар Афғонистон, рӯзи панҷшанбе дар фурудгоҳи Кобул аз сӯи як сарбози афғон кушта шуданд.

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Бар асари ҳамлаи як сарбози афғон дар фурудгоҳи Кобул, се корманди шартномавии амрикоӣ кушта ва як тани дигар захмӣ шудааст, менависад "Радиои Озодӣ".

Вазорати дифои Амрико ба хабаргузории "Франс-пресс" қурбониёни ин ҳамларо кормандони қарордодии вазорати дифои Амрико муаррифӣ карда ва гуфтааст, ки он афрод барои омӯзиши нерӯҳои ҳавоии Афғонистон дар ин кишвар ҳузур доштанд.

Расонаҳо: дар тасодуме дар Афғонистон 50 нафар осеб дидаанд

Фурудгоҳи байнамилалии Кобул на танҳо барои нерӯҳои эътилоф, балки барои ниҳодҳои имдодрасонии байналмилалӣ як майдони калидӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин ширкатҳои ҳавонавардии Emirates Airline, Turkish Airline, Fly Dubai ва хатсайрҳои дигари байналмилалӣ аз ин майдон парвоз мекунанд.

Бори аввал нест, ки сарбозони афғон нерӯҳои байналмилалии мустақар дар он кишварро ҳадаф қарор медиҳанд. Бо он, ки масъулияти аксари ин ҳамлаҳоро Толибон ба ӯҳда мегиранд, аммо бархе аз нозирон нуфузи ин гурӯҳ дар сафҳои нерӯҳои амниятии афғон, муноқишаҳои шахсӣ ва тафовутҳои фарҳангиро омили аслии ин гуна ҳамлаҳо медонанд.

Дар силсилаи ҳамин ҳамлаҳо, соли гузашта як генерали амрикоӣ дар Кобул кушта шуда буд. Ин генерал баландпоятарин мақоми низомии амрикоӣ буд, ки дар ҷанги дувоздаҳсолаи Амрико дар Афғонистон кушта шуд.

Нерӯҳои амрикоӣ дар поёни соли 2014 ба маъмурияти низомиаш поён дод ва масъулиятҳои амниятӣ ба нерӯҳои афғон супурда шуд. Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 12 ҳазор сарбози хориҷӣ дар Афғонистон мустақар ҳастанд, ки беш аз даҳ ҳазори он амрикоӣ мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0