Расонаҳо: дар тасодуме дар Афғонистон 50 нафар осеб дидаанд

© Sputnik / В. Киселев / Гузариш ба медиабонкГарданаи Саланг. Акс аз бойгонӣ
Гарданаи Саланг. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд, ки тасодуми як автобус дар яке ҷоддаҳои вилояти Зобул рух додааст. Пулис ҷузъиёти ин ҳодисаро таҳқиқ мекунад.

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Дар пайи тасодуми як автобус дар ҷанубу шарқи Афғонистон дастикам 22 нафар кушта шудаанд, менависад РИА Новости бо истинод ба расонаҳои Афғонистон.

"Ин ҳодиса дар ҷоддае дар вилояти Зобул рух додааст. 22 нафар кушта ва 33 нафар захмӣ шудаанд", — омадааст дар гузориши хабаргузории афғонистонии "Пажвок", ки ба намояндаи бемористон истинод мекунад.

Дар аксҳои ин хабаргузорӣ аз ҷойи ҳодиса дида мешавад, ки дар нимаи ҷоддаи Кобул-Қандаҳор боркаши комюн хобидааст. Дар наздикӣ мошини хадамоти наҷотдиҳӣ автобуси осебдидаро мебардорад. Маҳалли ҳодиса аз сӯйи маъмурони интизомӣ муҳосира шудааст.

Пулис ҷузъиёти ҳодисаро таҳқиқ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0