Бархе аз гурезаҳои украинӣ дар Тоҷикистон паноҳ мебаранд

© Sputnik / Константин Чалабов / Гузариш ба медиабонкГурезаҳои украинӣ. Акс аз бойгонӣ
Гурезаҳои украинӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар канори эшон, иддае дигар аз шаҳрвандони он кишвар қасд доранд, ки то анҷоми даргириҳо, ба таври муваққат дар манзили хешу пайвандонашон дар Тоҷикистон паноҳ бубаранд.

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Тӯли чанд моҳи ахир даҳҳо тан аз шаҳрвандони Украина ба далели нооромиҳо дар кишварашон, аз Тоҷикистон дархости паноҳандагӣ кардаанд, менависад "Радиои Озодӣ".

Дар канори эшон, иддае дигар аз шаҳрвандони он кишвар қасд доранд, ки то анҷоми даргириҳо, ба таври муваққат дар манзили хешу пайвандонашон дар Тоҷикистон паноҳ бубаранд.

Порошенко ба сарбозони ҷанубу шарқи Украина $60 дар як рӯз ваъда дод

Анастасия Спивинаи 69-сола, зодаи шаҳраки Горняки вилояти Донетски Украина аст, ки аз моҳи августи соли 2014 ба ин сӯ дар хонаи духтараш воқеъ дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон зиндагӣ мекунад. Анастасия мегӯяд, аз мақомоти Тоҷикистон дархости корти паноҳандагӣ кардааст. Ин хонуми украинӣ, ки бо ба ёд овардани авзои ноороми кишвараш пайваста ашк мерезад, мегӯяд, аз Донетск дар ҳоле хориҷ шуд, ки ҷангҳо шиддат гирифтанд ва ҷонаш дар хатар буд.

Вай бо убури сарҳади Ростов аз Украина хориҷ шуда, дар марз бо теъдоди зиёди гурезаҳои ҷанг рӯ ба рӯ гардидааст, ки ҳама украинӣ буданд.

"Дар шаҳраки Горняки вилояти Донетск, вазъ хело ноором буд, хонаҳо дар коми оташ буданд. Ҳар касе, ки ягон гап гӯяд, мусаллаҳон шабона омада, одамонро бо хонаҳояшон оташ мезананд. Хело даҳшат аст", — афзудааст Анастасия.

Дар қатори ин зан, афроди дигаре аз ин кишвар дар Тоҷикистон паноҳанда шудаанд, менависад "Озодӣ". Украиниҳо бештар аз шаҳру вилоятҳои Донетск, Луҳанск, Запароже ва Одесса ба Тоҷикистон омадаанд. Дар миёни ин афрод ҷавонони синни аскарӣ низ ҳастанд, ки аз даъвати аскарӣ ва иштирок дар ҷанг ба Тоҷикистон фирор кардаанд.

Фаррух Хайруллоев, як масъули созмони байналмилалии "Ҳуқуқ ва беҳбудӣ", ки бо ду паноҳҷӯи ҷавон аз Украина сӯҳбат кардааст, мегӯяд, "ба хотири он Тоҷикистон омадаанд, ки намехоҳанд дар ҷанги Украина иштирок кунанд".

"Тибқи Қонун "Дар бораи мобилизатсия" дар Украина он ҷавонон бояд дар сафи артиши миллии кишварашон хизмат кунанд, ки онҳо инро намехоҳанд. Он ҷавонон мегӯянд намехоҳанд аз ягон ҷониб вориди майдони ҷанг шаванд", — меафзояд Хайруллоев.

Порошенко бори дигар Русияро дар бӯҳрони Украина гунаҳкор кард

Тибқи иттилои созмони "Ҳуқуқ ва беҳбудӣ", дар соли 2014 ба ташкилоти онҳо 11 шаҳрванди Украина барои паноҳҷӯӣ муроҷиат кардааст, аммо ҳоло дақиқ нест, ки чанд нафари онҳо мақоми паноҳандагӣ мегиранд. Ин ҳам дар ҳоле, ки масъулони созмони "Ҳуқуқ ва беҳбудӣ", ки бо паноҳҷӯён кор мекунад, мегӯянд, то оғози ҷанг дар Украина ба онҳо ягон нафар аз шаҳрвандони ин кишвар муроҷиат накарда буд.

Вячеслав Украинетс, муовини сафири Украина дар Душанбе гуфт, ки дар чанд моҳи ахир 4 шаҳрванди кишвараш ба ин ниҳоди дипломатӣ муроҷиат карда ва гуфтаанд, ки мехоҳанд то анҷоми ҷанг дар хонаводаҳои хешовандонашон дар Тоҷикистон бимонанд.

Масъулони вазорати умури дохилии Тоҷикистон низ мегӯяд, дар пайи нооромиҳо дар Украина ба онҳо 4 хонаводаи украинӣ барои гирифтани мақоми гуреза муроҷиат карда ва соҳиби корти паноҳандагӣ шуданд.

То кунун бештар шаҳрвандони Афғонистону Покистон, Ироқу Эрон барои дарёфти корти паноҳандагӣ ба ҳукуматиТоҷикистон ва Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон муроҷиат мекарданд. Украиниҳо бинобар боло рафтани эҳсоси зидди украинӣ дар ҷомеаи Русия, ба паноҳандагӣ дар Тоҷикистон тарҷеҳ додаанд. Ҷамъи паноҳандагоне, ки то ин дам дар Тоҷикистон корти паноҳандагӣ дарёфт кардаанд, ба ҳудуди се ҳазор нафар мерасад.

Лентаи хабарҳо
0