ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Насби таҷҳизот дар васоили тавзеъи 500 кВ (ОРУ) дар нерӯгоҳи Норак 82% анҷом шудааст, омадааст дар баёнияи Маркази татбиқи тарҳҳои энержии Тоҷикистон.
Иҷрокунандаи тарҳ — ширкати олмонии Alstom Grid GmbH 95% дарсади таҷҳизоти зарурӣ барои бозсозии ОРУ-500 кВ, ки барои қабул ва тақсими нерӯи барқи тавлиди нерӯгоҳи Норак пешбинӣ шудааст, ворид кардааст.
Насби ин таҷҳизот имкон медиҳад, ки мизони талафоти нерӯи барқ коҳиш дода шавад.
"Куллияи таҷҳизот дар Фаронса, Италия, Испания ва Олмон тавлид шудаанд. Феълан иҷрокунандаи тарҳ амалиёти насб ва омодагӣ барои роҳандозии онро анҷом медиҳад ва ин тарҳ то поёни соли 2015 анҷом меёбад", — омадааст дар баёния.
Қарордод дар бораи бозсозии ОРУ — 500 кВ соли 2008 имзо шуда, Бонки Осиёии Рушд барои иҷрои ин тарҳ $54,7 миллион кӯмаки билоъиваз карда саҳми ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати "Барқи тоҷик" $12,1 миллион мебошад.
Тарҳи бозсозии ОРУ 500 кВ сохтмони истгоҳи трансформатории ҷадид бо ноқилҳои элегазӣ ва тахриби маркази феълии ОРУ 500 кВ дар назар дорад.
Нерӯгоҳи Норак дар низоми энержии барқии Осиёи Марказӣ дар мавриди шиддати нерӯи барқ нақши муъассир дорад. Ба ин далел муҳим аст, ки нерӯгоҳи Норак бо маркази муосири тақсими нерӯи барқи 500 кВ таҷҳизонида бошад.
Ба ғайр аз ин, нерӯгоҳи Норак бузургтарин нерӯгоҳи Тоҷикистон аст, ки 80% нерӯи барқи кишварро тавлид мекунад.