ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Шаҳрдории Душанбе суханони ахири раиси Кумитаи родию ва телевизиони Тоҷикистонро дар робита ба беғаразии ин ниҳод нисбати шаҳрдориро хандаовар номидааст, омадааст дар баёнияи шаҳрдорӣ, ки дар сойташ мунташир шудааст.
Қаблан раиси Кумитаи родию ва телевизиони Тоҷикистон Асадулло Раҳмон дар нишасти хабарӣ дар посух ба саволи хабарнигор дар бораи "таблиғоти густурда алайҳи Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе" гуфт, ки "дар матолиби интиқодӣ дар бораи фаъъолияти шаҳрдорӣ ҳеҷ ғаразе нест" ва изофа кард, ки ин гуна бетарафии Кумитаро додгоҳ низ собит кардааст.
"Суханони раиси Кумитаи родию ва телевизон мабни бар он, ки "бетарафии мо дар робита ба шаҳрдориро ҳатто додгоҳ собит кардааст" — хандаовар аст. — Ҳама огоҳ ҳастанд, ки додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур дар моҳи июли соли 2012 Кумита ва "Шабакаи аввал"-ро муваззаф кард, ки дар тӯли як моҳ барои пахши матлаби нодурусти хабарнигор раддия эълом карда ва аз шаҳрдорӣ узр хоҳанд"
Бо вуҷуди муроҷиъати мукаррари иҷрочиёни додгоҳӣ, ҳукми ин додгоҳ аз сӯйи Кумита то ҳол иҷро нашудааст, таъкид мекунад шаҳрдорӣ.
Шаҳрдорӣ ҳамчунин изҳор медорад, ки чунин посух ба суханронии Раҳмон дар чорчӯби Фармон дар мавриди вокуниши мақомот ба матолиби интиқодӣ дар расонаҳо таҳия шудааст.
"Вале иҷрои ҳукми додгоҳро шаҳрдорӣ ба дӯши инсофи раиси Кумитаи родию ва телевизион вогузор мекунад" — омадааст дар баёния.
Ин дар ҳолест, ки Асадулло Раҳмон дар нишасти хабарӣ ваъда дода буд, ки интиқоди фаъъолияти шаҳрдориро идома хоҳанд дод.