ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Наздик ба 2000 парвози ҳавопаймоҳо дар ИМА бо сабаби тӯфон мутаваққиф шуд, иттилоъ медиҳад радиои Озодӣ бо истинод ба сомонаи FlightAware.
Шоми душанбеи гузашта дар Бостони шарқи фурудгоҳи байналмиллалии Логан баста шуд. Ин фурудгоҳ парвози дохилии таёраҳо ва парвози байналмиллалӣ ба Канада, Мексика, ҷазираҳои Кариб ва нимҷазираҳои Кабо-Вердеро таъмин менамояд.
Ҳамчунин, се фурудгоҳи дигар, ки парвозҳоро ба Ню-Йорк таъмин мекарданд, аз фаъолият бозмонданд. Ҳудуди 20 дарсади парвозҳо аз фурудгоҳҳои Бостон ва Филаделфия боздошта шуданд.
Қатори роҳи оҳани мавсум ба Amtrak бо низоми оддӣ фаъолият дошт, аммо роҳбарияти он эълом доштанд, ки дар ҷадвали ҳаракати қаторҳо вобаста ба вазъи обу ҳаво тағйирот ба вуҷуд омаданаш мумкин аст.
Ба иттилои ҳавошиносон, барфрезии шадид ва яхбандии роҳҳо дар Ню-Йорк ва гирду атрофи он дар назар аст.