Панҷ "хонаи Худо" дар Ховалинг хонаи мардум шуд

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкГузоштани ҳилоли моҳ бар манори Масҷиди марказии Маскав
Гузоштани ҳилоли моҳ бар манори Масҷиди марказии Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ноҳияи Ховалинг панҷ масҷидро, ки ба гуфтаи мақомот, худсарона сохта шуда ва санаду ҳуҷҷат надоштанд, ба оилаҳои бехона ва ниёзманд додаанд.

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Мақомоти ноҳияи Ховалинг мегӯянд, панҷ масҷидро, ки ба қавли онҳо "худсарона" сохта шуда ва ҳеҷ санаду ҳуҷҷат надоштанд, ба 10 хонаводаи бесарпаноҳ ва ниёзманд барои зист тақсим кардаанд, хабар медиҳад "Радиои Озодӣ".

Раҷабалӣ Мирзоев, раиси ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг 22 январ гуфтааст, дар ҷамоати мазкур ду масҷидро, ки бо роҳи ҳашар сохта шуда ва ҳеҷ санади расмӣ надошт, ба се хонавода тақсим кардаанд.

Данғара: коргоҳи дӯзандагӣ ва клубу китобхона - ба ҷои масҷид

Мирзоев афзудааст, дар авоили моҳи декабри соли 2014 ҳангоми машварат бо мардуми ҷамоат ва ширкати намояндаи Шӯъбаи дини ноҳия тақсими масоҷид сурат гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол Нурулло Мирзоев, раиси ноҳияи Ховалинг 21 январ дар нишасти хабарие гуфтааст, ки панҷ масҷид дар ноҳияи Ховалинг ғайриқонунӣ сохта шудаанд, ки аз ҷониби мақомот ба 10 хонаводаи бесарпаноҳ тақсим шудааст.

Қурбон Саидов, раиси шӯъбаи дини ноҳияи Ховалинг низ ба "Озодӣ" гуфтааст, масҷидҳоро мардум сохтааст, вале аз қайди давлат нагузарондаанд, аз ин рӯ бо машварати мардум, аз ҷониби мақомот ба ниёзмандон ва бесарпаноҳон дода шудаанд.

Далелҳои хароб ва табдили масоҷид ба чойхонаву мактабу клубҳо дар Тоҷикистон бори аввал нест, ки рӯ мезананд. Аммо масоҷидро ба манзили истиқоматии сокинон бадал кардан бори аввал аст, ки дида мешавад.

Таҳлилгарони масоили диннӣ мегӯянд, ба вижа баъд аз қабули Қонуни ҶТ "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мардумӣ" дар соли 2007 ва қабули Қонуни ҶТ "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" дар соли 2009 тахриб ва табдили масоҷид ба биноҳои ғайри ибодатӣ бо баҳонаи дуруст набудани аснод, афзудааст.  

Лентаи хабарҳо
0