Данғара: коргоҳи дӯзандагӣ ва клубу китобхона - ба ҷои масҷид

Обуна шудан
Дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб низ 20 масҷид то ҳол ҳамчун макони фароғати собиқадорон сабти ном шудааст, вале собиқадоронро берун карда, ин биноҳоро ба ибодатгоҳ табдил додаанд.

ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Раиси шӯъбаи дини минтақаи Кӯлоб гуфтааст, ба зудӣ 3 масҷиди "бесоҳиб" дар ноҳияи Данғараро ба коргоҳи дӯзандагӣ, клуб ва китобхона табдил хоҳанд дод, хабар медиҳад "Радиои Озодӣ".

Шариф Абдулҳамидов, раиси шӯъбаи дин ҳамчунин гуфтааст, аз 16 масҷиди "бесоҳиб" дар ноҳияи Темурмалик 10 масҷидаш барои ҷой кардани иншооти иҷтимоӣ ба ҷамоатҳо супурда шуда, 6 бинои дигарро тахриб хоҳанд кард.

Ба гуфтаи ӯ, дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб низ 20 масҷид то ҳол ҳамчун макони фароғати собиқадорон сабти ном шудааст, вале собиқадоронро берун карда, ин биноҳоро ба ибодатгоҳ табдил додаанд. Ҳоло, афзудааст ӯ, ин 20 бино ба собиқадорон баргардонда мешаванд.

Раҳбари бахши дини минтақаи Кӯлоб дар маҷмӯъ аз ошкор шудани 138 масҷиду намозгоҳи ғайриқонунӣ ва ё сабтиномношуда дар 10 ноҳияи ин минтақа хабар додааст. Дар ҳоли ҳозир дар минтақаи Кӯлоб 588 масҷиди расмӣ, аз ҷумла 7 масҷиди марказӣ ва 50 масҷиди ҷумъахонӣ амал мекунад.

Лентаи хабарҳо
0