Ҷоиза барои ғолиби Ҷоми Тоҷикистон 40 ҳазор сомонӣ таъйин шуд

© Официальный сайт ФФТҶаласаи Кумитаи иҷроияи ФФТ
Ҷаласаи Кумитаи иҷроияи ФФТ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо тасмими кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) имсол ба ғолиби Ҷоми кишвар 40 000 сомонӣ ва финалист 25 000 сомонӣ ҷоизапулӣ супурда хоҳад шуд.

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Ғолиби Ҷоми футболи Тоҷикистон дар соли 2015 бо ҷоизапулии 40 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ хоҳад шуд, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футбол.

Дар ин бора ҷаласаи кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки 20-уми январ дар Душанбе баргузор шуд, қарор тасвиб кардааст. Ин ҷаласа ҳамчунин тасвиб кардааст, ки финалисти ҷом бо маблағи 25 ҳазор сомонӣ сарфароз хоҳанд шуд. Инчунин, ба ғолиби Ҷоми ФФТ дар мавсими нав 20 000 сомонӣ, барои ҷойи дувум 15 000 сомонӣ ва барои ҷойи севум 10 000 сомонӣ супурда хоҳад шуд.

Тӯби бозии футбол. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тими ҷавонони тоҷик ба давраи чорякфиноли “Ҷоми Иттиҳод” роҳ ёфт

Дар ин ҷаласа тасмим гирифта шуд, ки сар аз соли 2015 мусобиқаи дастаҳои лигаи якуми Тоҷикистон на аз рӯи усули минтақавӣ, балки аз рӯи усули нав дар ду давра баргузор мешавад. Дастаҳо бо ҳамдигар дар майдони худ ва дар меҳмонӣ бозӣ мекунанд. Се дастае, ки дар ҷадвали мусобиқа дар зинаҳои охир қарор мегирад, ба лигаи дуюм мегузарад.

Мусобиқа байни дастаҳои лигаи дуюми Тоҷикистон бошад, имсол аз рӯи усули минтақавӣ дар минтақаҳои Душанбе, Суғд, Хатлон ва Рашт баргузор мешавад. Ғолибони минтақаҳои Душанбе ва Рашт бо ҳамдигар рақобат мекунанд. Дастаи ғолиб аз рӯи натиҷаҳои ду бозӣ (дар майдони худ ва дар сафар) муайян шуда, ба ҳаққи ширкат дар мусобиқаи лигаи якуми Тоҷикистон мушарраф мешавад. Ва аммо ғолибони мусобиқаи минтақаҳои Хатлону Суғд якбора ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки соли 2016 дар лигаи якум бозӣ кунанд.

Лентаи хабарҳо
0