Тими ҷавонони тоҷик ба давраи чорякфиноли “Ҷоми Иттиҳод” роҳ ёфт

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкТӯби бозии футбол. Акс аз бойгонӣ
Тӯби бозии футбол. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Баъд аз пирӯзии душвор тими мунтахаби Тоҷикистон ба давраи минбаъдаи мусобиқот роҳ ёфт. Дар бозии оянда тими мунтахаби футболбозони ҷавони Туркманистон рақиби бозигарони тоҷик мешавад.

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Тими мунтахаби футболбозони Тоҷикистон баъд аз пирӯзӣ бар тими Литва (2:1) ба давраи чорякфинолии Ҷоми Иттиҳод-2015 роҳ ёфт, хабар медиҳад сойти Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Барои роҳ ёфтан ба давраи дигари мусобиқот ба тими Тоҷикистон кофӣ буд, ки бозии ниҳоиро мусовӣ анҷом бидиҳад. Вале футболбозони ҷавони тоҷик талош барои пирӯзиро нишон дода бо бартарии як тӯб пирӯз шуданд. Бо дарёфти 6 хол (2 пирӯзӣ ва 1 мусовӣ) тим мавқеъи аввалро касб карда ба давраи дигари мусобиқот роҳ ёфт.

"Баъд аз шикасти 1:3 дар бозии қаблӣ натиҷагирӣ карда шуд. Иштибоҳот баррасӣ шуданд ва ба бозии имрӯз бачаҳо бо талоши пирӯзӣ оғоз карданд", — гуфт муррабии тим Алишер Тӯхтаев дар нишасти матбӯъотии баъд аз анҷом бозӣ.

Сармуррабии тими мунтахаб аз мушкили аслии бозигарон — муваффақона анҷом дода натавонистани ҳамлаҳо изҳори нигаронӣ кард. Дар акси ҳол ҳисоби бозӣ ҳангуфт шуда метавонист. Бо вуҷуди ин, муррабӣ аз бозии шогирдони худ қаноъатманд буд.

"Дар гузашта тимҳои осиёӣ дар мусобиқоти Ҷоми Иттиҳод бозиро ба тимҳои урупоӣ — Литва, Латвия, Эстония мебохтанд. Рақобат карда наметавонистанд. Ҳоло мо пирӯз мешавем", — таъкид кард Тӯхтаев.

Дар бозии чорякфинолӣ рақиби тими ҷавонони Тоҷикистон тими Туркманистон мешавад, ки ба ин даври мусобиқот аз зинаи дуввуми бозиҳои гурӯҳӣ баромад.

Бозӣ имрӯз, 21-уми январ баргузор мешавад.

Лентаи хабарҳо
0