Раиси додгоҳ: "Мегафон"-у "Билайн" бар Кумитаи андоз пирӯз шуданд

© Sputnik / Игорь ЛекаркинЗнак "Beeline" на здании бизнес-центра "Созидание". Архивное фото
Знак Beeline на здании бизнес-центра Созидание. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Наим Мансурзода, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон гуфт, баҳси бархоста миёни Кумитаи андоз ва ширкатҳои мобилии "Билайн"-у "Мегафон"-ро ба фоидаи дувумиҳо ҳал кардаанд.

ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон баҳси бархоста миёни Кумитаи андоз ва ширкатҳои мобилии "Билайн"-у "Мегафон"-ро ба фоидаи дувумиҳо ҳал кардааст, хабар медиҳад "Радиои Озодӣ".

Наим Мансурзода, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон 14 январ ҳангоми нишасти мабуотияш гуфт, ин ширкатҳо ба Додгоҳи олии иқтисодӣ шикояти кассатсионӣ оварда буданд ва баъд аз баррасии дубораи парвандаашон баҳс ба нафъи ширкатҳои мобилӣ ҳал шудааст.

"Дар тӯли соли 2014 Додгоҳи олии иқтисодӣ 10 парвандаи марбут ба баҳсҳои андозситониро баррасӣ кард, ки аз ин 4-тоаш ба фоидаи ширкату соҳибкорони алоҳида ва 6-тоаш ба манфиати Кумитаи андози Тоҷикистон ҳал шуд", — афзудааст раиси додгоҳи мазкур.

Дар нимаҳои соли 2014 Кумитаи андози Тоҷикистон дар натиҷаи тафтиши такрорӣ дар "Мегафон-Тоҷикистон", зерширкати "Мегафон"-и Русияро, 94 миллион сомонӣ аз ҳисоби андоз қарздор эълон кард. Мақомоти Кумитаи андоз гуфтанд, "Мегафон — Тоҷикистон" (ТТ — мобайл) як теъдод андозҳоро напардохта, қисмеро ҳам пинҳон кардааст ва бо иловаи ҷаримаҳо 94 миллион сомонӣ аз ҳисоби андоз қарздор шудааст.

Қаблан ширкати мобилии "Бабилон-М" низ аз чунин як қарори Кумитаи андоз ба додгоҳ ва аз корманди ин ниҳод ба Додситонии кул муроҷиат карда буд. Ин ширкат низ қарзу ҷаримаҳои Кумитаи андозро, ки 344 миллион сомонӣ, ҳудуди 68 миллион доллар ҳисоб шудаанд, қабул надорад.

Лентаи хабарҳо
0