ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Беш аз 300 мошини борбару мусофиркаш дар роҳи Душанбе — Хуҷанд, дар мавзеи Майхура, бинобар бориши зиёди барф дармондаанд, хабар медиҳад "Радиои Озодӣ".
Ронандаҳо ба "Озодӣ" гуфтаанд, аз соати 11-и шаби 19 январ ба ин тараф мунтазири боз шудани роҳ ҳастанд. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон низ бо тасдиқи ин хабар гуфтааст, ҳоло кормандонаш машғули боз кардани роҳанд.
"Ҳамин лаҳзаҳо (нисфирӯзии 20 январ) панҷ мошинро аз самти Душанбе ба Хуҷанд иҷозаи убур додем ва ба ҳамин минвол бо навбат мошинҳо ба ҳаракат хоҳанд даромад", — афзудааст Шералӣ Ганҷалзода, муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон.
Ганҷалзода дар маҳаллаи Майхураи ноҳияи Варзоб ҳамроҳи дигар мутахассисони Вазорати нақлиёт қарор дорад ва вазъи роҳҳоро назорат мебарад. Вай афзуд, бо истифода аз расонаҳо ба ронандагоне, ки ба самти Хуҷанд ва ё баръакс, аз самти Хуҷанд ба Душанбе ҳаракат мекунанд, ҳушдор медиҳад бидуни омодагии ҷиддӣ, яъне занҷиру дигар васоили зарурӣ, ба роҳ набароянд.
Нигоҳубини шоҳроҳи Душанбе-Чаноқро, ки маркази Тоҷикистонро бо шимоли кишвар мепайвандад, аз соли 2010 ба ин сӯ ширкати IRS ба уҳда гирифт. Ронандаҳо ҳоло барои убури ин роҳ вобаста ба андоза ва вазни мошини худ ҳаққи роҳ месупоранд.