ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Тӯли 20-21-уми январ дар манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон хатари тармафароӣ вуҷуд дорад, хабар медиҳад Марказ дар сойти интернетии худ.
Ҳавошиносон ҳамчунин аз эҳтимоли тармафароӣ дар гарданҳои баландкӯҳ ҳушдор медиҳанд. Дар сурати вуҷуди чунин эҳтимол ҳаракати васоили нақлия тавассути чунин гарданаҳо муваққатан қатъ карда мешавад. Ба эътиқоди ҳавошиносон, ҳавои номусоид дар қаламрави Тоҷикистон сабаби тармафароии эҳтимолӣ шуда метавонад.
Дар Душанбе 20-уми январ дар баъзе аз маҳаллот бориши борону барф, баъзан сахт, имкон дорад. Вале дар пойтахт ҳаво чандон сард нахоҳад буд.
Бо ин вуҷуд то авохири ин ҳафта ҳавои номӯътадил дар куллия манотиқи кишвар боқӣ хоҳад монд.