ДУШАНБЕ, 15 январ — Sputnik. Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар интихоботи парлумонӣ барандаи асосӣ аст, дар суҳбат бо сомонаи Nahzat.tj гуфтааст таҳлилгари сиёсӣ Нуралӣ Давлат.
"Аммо шояд 2-3 ҳизби дигар ҳам ба хотири демократӣ ҷилва додани парламенти Тоҷикистон ва татбиқи ваъдаҳо дар мавриди шаффоф доир кардани интихобот соҳиби чанд курсӣ бишаванад", — дар идома афзудааст Давлатов.
Ба ин суол, ки кадоме аз аҳзоби мухолиф вориди парлумон хоҳанд шуд, ин таҳлилгар гуфтааст, ҳанӯз мушкил аст посухи дақиқ додан. Зеро, ба назари вай, ҳарфи охирро дар ин маврид марказҳои тасмимгирӣ мегӯянд.
"Намояндаи ҳар ҳизбе, ба истиснои Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби сотсиал —демократӣ, соҳиби мандатҳо шавад, ба нафъи ҳукумат аст", — гуфтааст Нуралӣ Давлат.
Ба иттилои ин таҳлилгар, ҳоло 85 дар сади курсиҳоро дар парлумон аъзои ҲХДТ ишғол кардаанд. Аз ҳизбҳои дигар ҳам дар он чанд нафар намояндагӣ доранд.
"Вале он чанд нафар зимни тасмимгириҳо дар парламент ҳеҷ нақше бозида наметавонанд. Баъдан, намояндагони ин аҳзоб ҳеҷ гоҳ муқобили ташаббусҳои ҳукумат раъй намедиҳанд", — меафзояд таҳлилгар.
Ба гуфтаи вай, дар тӯли солҳои гузашта аҳзоби мавриди назар боре ҳам эълон накардаанд, ки ҳизби мухолифи ҳукумат ҳастанд. Аз ин рӯ, метавон ҳадс зад, ки ин вакилони аҳзоби сиёсӣ дар парламент нақши "декоратсияро" бозӣ мекунанд.
"Бо дарназардошти ҳамин таҷриба, тахмин кардан мумкин аст, ки ҳукумат аз ин таҷриба дар интихоботи навбатӣ ҳам истифода мебарад", — пешгӯи мекунад Давлатов.
Дар мавриди интихоботҳо ва ҳамапурсиҳое, ки дар 20 соли охир дар Тоҷикистон доир шудаанд, ин коршинос гуфтааст, ҳамаи онҳо аз як воқеият гувоҳӣ доданд, ки хостаҳои ҳукумат пиёда шудааст.
Парламенти Тоҷикистон ҳам муддати ин ду даҳа аз як шохаи мустақили давлатдорӣ ба як сохтори ҳукумати иҷроия, ки асосан аз аъзои Ҳизби халқи —демократӣ иборат аст, табдил ёфтааст, афзудааст коршинос.