БОР ба ислоҳоти низоми омӯзиши касбӣ фаннӣ $20 миллион иттихоз мекунад

© wikimedia.orgБОР. Акс аз бойгонӣ
БОР. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар соли ҷорӣ Бонки Осиёии Рушд (БОР) қасд дорад бахши тиҷорати хусусӣ, нақлиёт, манобеъи об ва омӯзиши касбӣ-фанниро сармоягузорӣ кунад.

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Барои боло бурдани кайфият ва самаранокии омӯзиши касбӣ-фаннӣ БОР ба Тоҷикистон 20 миллион доллар ҷудо мекунад ва аз ин роҳ мизони солонаи сармоягузорӣ барои дастгириро то ба 79 миллион афзоиш медиҳад, омадааст дар баёнияи БОР.

Ин тасмим дар пайи бозрасии дастовардҳои миллии кишвар иттихоз шудааст, омадааст дар баёния. "Маблағи ниҳоӣ дар пайи музокира бо ҳукумат ва имконоти молӣ метавонад тағйир ёбад" — гуфтааст намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Си Си Ю.

Барномаи кӯмакҳо барои соли 2015 ба дастгирии рушди бахши хусусӣ, роҳҳои оҳан, манобеъи об ва ҳамчунин барои беҳбуди фазои сармоягузорӣ равона мешавад. Аз 79 миллион доллари иттихозшуда 20 миллион барои рушди кайфият ва самаранокии омӯзиши касбӣ-фаннӣ дар кишвар истифода мешаванд.

"Боз 20 миллион доллар барои барномаи кӯмак ба будҷа дар назар аст, ки тибқи он бархе аз ислоҳот барои беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва афзоиши сармоягузории хусусиву таъсиси ҷойи кор дар кишвар равона мешаванд. Ин кӯмак аз он лиҳоз муҳим аст, ки дар пайи коҳиши қурби рубли русӣ мизони маболиғи интиқолии муҳоҷирони кории тоҷик коҳиш меёбад", — таъкид мешавад дар баёния.

Ҳамчунин БОР тарҳеро бо хазинаи 30 миллион доллар барои беҳбуди раҳбарӣ аз манобеъи об ва таҷдиди омодагии инсон ба тағйири иқлим дар минтақаи обтаъминкунии Чубек дар ноҳияи Ҳамадонӣ омода мекунад, ки суди воҳидҳои кишоварзиро афзоиш медиҳад. 9 миллиони дигари кӯмакҳо барои таҳияи барномаҳои кашидани хатҳои роҳи оҳан пешбинӣ шудаанд.

Тоҷикистон соли 1998 ба узвияти БОР пазируфта шуда ва то ҳол бонк барои ин кишвар 1,3 миллиард доллар қарзҳои имтиёзнок, кӯмакҳои бебозгашт ва кӯмакҳои фаннӣ ироъа кардааст. Ҳамкории БОР бо Тоҷикистон ба рушди иҷтимоӣ, бозсозии зербаноҳои қаблӣ ва сохтмони зербаноҳои ҷадид, тавсеъаи кишоварзӣ ва рушди ҳамкориҳову тиҷорати минтақавӣ мусоъидат кардааст.

Лентаи хабарҳо
0