ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Cомонаи сафорати Тоҷикистон дар Фаронса мавриди ҳамлаи ҳакерҳо қарор гирифта, тамоми маълумоти мавҷудбуда поккорӣ шудааст, хабар медиҳад "Радиои Озодӣ".
Ин амал дар пайи ҳамлаҳои ахири террористии Фаронса сурат гирифта, ба навиштаи "Озодӣ", ҳакерҳо баъд аз поккории маълумот дар саҳифаи сомона навиштаанд, ки: Op France Musulman Еt je Рas Charli" (Мусулмонам ман, на Шарлӣ).
Ҳомидҷон Назаров, сафири Тоҷикистон дар Фаронса ба "Озодӣ" гуфтааст, дар воқеъ сомонаи сафорат бо нишонии — tajembfrance.fr — рӯзи якшанбеи 11-уми январ таҳти ҳамла қарор гирифт.
Назаров ин ҳамлаи ҳакериро ба ҳаводиси ахири Фаронса марбут донистааст.
"Нафақат сомонаи мо, балки чандин сомонаҳои дигар, ҳатто сомонаи Созмони Милали Муттаҳид ҳамла шудаанд. Мо ҳам дар ин радиф дучори ҳамла шудем. Сафорат аллакай бо ширкати провайдерии мо, ки дар Душанбест, мавзӯъро дар миён гузоштааст ва бояд дар рӯзҳои наздик ин мушкил бартараф шавад", — афзудааст сафир.
Баъди ҳамлаҳои рӯзҳои 7-9 январ дар Порис ва атрофи он, ки 17 кушта ба ҷо гузошт, дар саросари Аврупо мавҷи раҳпаймоиҳои тарафдорони озодии баён таҳти шиори "Ман Шарлиам" доир шуд. Тазоҳургарон бо ин шиор ҳамраъйии худро бо хабарнигорони кушташудаи маҷаллаи ҳаҷвии "Шарлӣ Эбдо" баён мекарданд.
Силоҳбадастони исломгаро ҳангоми ҳамла ба идораи маҷалла изҳор доштанд, ки аҳли онро барои нашри тасвирҳои танзомези Паёмбари Ислом Муҳаммад(с) ҷазо медиҳанд. Ин маҷалла дар соли 2006 тасвирҳои танзомези Паёмбари Исломро аз як нашрияи Дания бознашр карда, солҳои баъд низ ин корро давом медод.
Ҳакерҳо, бино ба иддаои худи онҳо, 28 нафаранд. Дар сомонаи ҳамлашудаи сафорати Тоҷикистон дар Фаронса лақаби ҳамаи онҳо оварда шудааст. Аммо Ҳомидҷон Назаров, сафири Тоҷикистон дар Порис мегӯяд, ҳанӯз дар ин бора ки оё дар пушти ин ҳамла мушаххасан кадом гурӯҳ истодааст ва чаро маҳз ба сомонаи сафорати Тоҷикистон ҳамла кардаанд, чизе гуфтан барвақт аст.
Сафири тоҷик дар мавриди ҳаводиси Фаронса гуфтааст, вай ба ҳайси сафир бо даъвати вазорати хориҷаи ин кишвар дар гирдиҳамоии 11 январ бо ҷамъи даҳҳо тан аз раҳбарони дунё ширкат доштааст.
Ҳомидҷон Назаров нахустин сафири мустақими Тоҷикистон дар Фаронса аст, ки аз 3 майи соли 2013 дар ин мақом ифои вазифа мекунад. То таъсиси сафорати мустақил дар Порис, умури равобити дипломатии Тоҷикистон дар Фаронсаро сафорати Душанбе дар Брюссел бар дӯш дошт.